Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳамкории самарабахш миёни Тоҷикистон ва Молдова баррасӣ гардид

Ҳамкории самарабахш миёни Тоҷикистон ва Молдова баррасӣ гардид

31-01-2018, 16:00
Хабарро хонданд: 309 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамкории самарабахш миёни Тоҷикистон ва Молдова баррасӣ гардид

Январь 31, 2018 11:14


ДУШАНБЕ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова Файзулло Холбобоев дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Молдова ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон бо сафирони кишварҳои хориҷӣ, 30 январи соли 2018 бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Ҷумҳурии Молдова хонум Татяна Молчан мулоқот баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар ҷабҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, аз ҷумла, масъалаҳои баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова роҷеъ ба иқтисод, савдо, ҳамкории илмӣ-техникӣ, ки моҳи феврали соли 2018 дар Кишинёв дар назар аст, инчунин як зумра маъалаҳои дигари рушди ҳамкории дуҷониба мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо зарурати идома ва густариши ҳамкории самарабахш миёни Тоҷикистон ва Молдоваро дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: