Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Пекин иштирок дорад20-04-2018, 10:47
Хабарро хонданд: 307 нафар
Назарҳо: 0
Апрель 20, 2018 09:04 ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрели соли 2018 дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон ба кори худ шурӯъ кард, ки то 22 апрели соли равон идома хоҳад ёфт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон дар ин ҷаласа таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода иштирок дорад. Дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Созмон ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ ва Ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки мутаносибан 23 -24 апрели соли 2018 дар шаҳри Пекин ва 9-10 июни соли равон дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешаванд, мавриди муҳокима қарор мегиранд. Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмонро, ки моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ менамоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.