Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар бозори марказии Рашт «Растаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ» ташкил карда шуд

Дар бозори марказии Рашт «Растаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ» ташкил карда шуд

1-02-2018, 03:35
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
Дар бозори марказии Рашт «Растаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ» ташкил карда шуд

РАШТ, /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар бозори марказии ноҳияи Рашт «Растаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ» ташкил карда шуд. Минбаъд ҳунармандони ноҳия метавонанд маҳсули дасти худро дар ин раста барои меҳмонони дохилию хориҷӣ ба фурӯш гузоранд. Дар ин бора директори бозори Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Рашт Фирӯз Холназаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Раиси ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳия Муъминшо Қаюмов гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия барои ҷалби ҷавонону занони хонашин ба ҳунаромӯзӣ ва фурӯши ҳунарҳои дастӣ шароити хуб фароҳам гардид. Сайёҳони хориҷӣ аз маркази ноҳия бисёр мегузаранд ва ҳунармандони ноҳия тавассути пешниҳоди ҳунарҳои мардумӣ таъриху фарҳанги миллати тоҷикро ба онҳо муаррифӣ менамоянд.

Маҳмадилёс Давлатов, як сокини ноҳия иброз намуд, ки ӯ ҳамроҳ бо фарзандонаш ба оҳангарӣ ва табақтарошию гаҳворасозӣ машғул аст.

“Хушбахтона, бо эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо, ҳунармандон имтиёзҳои хуб фароҳам оварда шуда, як муддат моро аз андоз озод карданд ва дар бозори марказии паҳлуи шоҳроҳ барои фурӯши маҳсулотамон шароит муҳайё гардид. Солҳои пеш мо маҳсулотамонро хеле кам мефурӯхтем. Имрӯз бо пайдо шудани имконият мо метавонем тавассути ҳунари дасти хеш сатҳи зиндагиямонро баланд бардорем”,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: