Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Муаррифии ҳунарҳои мардумии ширкатҳои Тоҷикистон дар шаҳри Москва

Муаррифии ҳунарҳои мардумии ширкатҳои Тоҷикистон дар шаҳри Москва

22-01-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
Муаррифии ҳунарҳои мардумии ширкатҳои Тоҷикистон дар шаҳри Москва

Дар шаҳри Москва Намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ бо номи «Бозори шарқ» оғоз гардид, ки дар он ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо пешниҳоди намунаҳои гуногуни маҳсулот иштирок доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рӯзи аввали намоишгоҳ намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок карда, ҷиҳати дастгирии ширкатҳои ватанӣ иқдом намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ширкати “Etnos Borld” бо навъҳои гуногуни ашъёи баландсифати сангину кордҳои нодир ва бренди “Buta”-и Нигора Насимова бо зиёда аз 20 номгӯи маҳсулоти рӯзгор аз атласу адрас, инчунин мағозаи “туҳфаҳои аҷоиб”-и шаҳри Душанбе, дар ҳамоиши байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.

Намоишгоҳи мазкур муддати як ҳафта ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Москва имконият медиҳад, то онҳо бо ҳунарҳои мардумии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистони куҳантаърих аз наздик ошно гардида, ҳамзамон молу маҳсулоти писандиадашонро харидорӣ намоянд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ҷиҳати рушду равнақ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти махсус медиҳад. Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Иштироки ҳунармандони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Москваро низ дар ин самт яке аз иқдомҳои зарурӣ ва саривақтӣ метавон арзёбӣ кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: