Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ шарики созмонҳои террористии ҷаҳонӣ мебошад

Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ шарики созмонҳои террористии ҷаҳонӣ мебошад

23-01-2018, 10:34
Хабарро хонданд: 259 нафар
Назарҳо: 0
Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ шарики созмонҳои террористии ҷаҳонӣ мебошад


ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Тамоми созмонҳои террористӣ, аз ҷумла, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ, ки фаъолияти он бо қарори Суди Олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, зимни фаъолияти худ ба таври фаровон усули пинҳонкориро истифода мебаранд. Сабаби истифода бурдани усули пинҳонкорӣ махфӣ нигоҳ доштани ҳадафҳои ниҳоии худ ва бадин восита, ба чашми аҳли ҷомеа хок пошидан аст. Барои он ки ҷомеа, аз ҷумла, қишри фаъоли он ин фандро эҳсос накунанд, роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта, се навъи узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб риоя карда мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Дар солҳое, ки наҳзат ҷиҳати иҷрои бандҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ иҷозати фаъолият гирифта буд, ин нақшро як гурӯҳ зиёиён, баъзе фаъолони ҷомеа, бархе аз журналистон ва дигар қишрҳои калаванда иҷро мекарданд, ки бо истифода аз озодии матбуот дар таърифу тавсифи наҳзатиён буданд.

Навъи дуюми аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир карда мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад. Шарти дигар ин буд, ки ҳангоми содир шудани ҷинояти террористӣ номи тоҷику Тоҷикистон ба забон оварда шавад. Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари наҳзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд. Чаро? Чунки роҳбарияту фаъолони ТЭТ ҲНИТ расман изҳор мекунанд, ки мо чунин аъзо надорем. Яъне, осонакак, бе ягон мушкилӣ, бе азоби виҷдон, бе ягон ҷавобгарӣ пеши Худову бандагонаш, он шахсони раҳгумзадаро ба боди фано ҳаво медиҳанд, аз баҳрашон мегузаранд: на мешиносему на медонем!…

Оид ба навъи сеюми узвият ба наҳзати қаблӣ ва ТЭТ ҲНИТ-и кунунӣ, инчунин ҷиноятҳои нобахшидании наҳзат нисбат ба миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар се марҳалаи таърих: а) солҳои 90 – оғози истиқлолияти давлатии Тоҷтикистон; б) солҳои ҷанги шаҳрвандӣ – давраи баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ; в) давраи муосир – бо қарори Суди Олии Тоҷикистон манъ шудани фаъолияти ҲНИТ ҳатман дар мақолаи навбатӣ иттилоъ дода мешавад, зеро вақтҳои охир оид ба ҷиноятҳои пинҳонии аъзо ва роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ таваҷҷуҳи ҷомеа бештар аз пештар шудааст. Ба ибораи дигар, акнун дигар гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба ҳама халқи ҷаҳон ошкор шудааст.

Ҳоло доир ба аъзо, сардори бахш ва пайраву ҳаводорони наҳзат, ки бо супориши роҳбарони ТЭТ ҲНИТ дар амалиёти ҷангии Сурия иштирок кардаанд, маълумот пешниҳод мекунем. Тавре ки зикр карда шуд, барои роҳбарияти наҳзат фарқ надорад, ки ҷанг дар куҷо мегузарад, нисбат ба кӣ сурат мегирад, муҳим дар чунин муҳорибаҳо, ки зери номи ислом, бо шиори ҷиҳод сурат мегиранд, бояд аъзои ТЭТ ҲНИТ ширкат дошта бошанд ва бо дигар созмонҳои террористӣ робита барқарор намоянд. Мавриди ёдоварист, ки террористи араб бо номи Амир Хаттаб, ки дар Қафқоз ба қатл расонида шуд, бо даъвати ҲНИТ аввалин амалиёти ҷангии худро дар мавзеи Тавилдара гузаронида буд.

Аксари тоҷиконе, ки бо роҳнамоии ҲНИТ дар ҷангҳои Сурия иштирок кардаанд, кушта шудаанд ва бояд гуфт, ки кафорати хуни онҳо дар гардани роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ мебошад.

Тоҷибоев Сайфиддин Маъмурович, соли таваллудаш 1983, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ сардори бахши ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Ҳамаи чорабиниҳои ин ҳизб дар ноҳияи Спитамен бо кумаки С.Тоҷибоев гузаронда мешуданд. Ҳоло ба сафи ташкилоти террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» шомил шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ амири гурӯҳи ҷамъияти «Ӯзбекон» таъйин гаштааст. Ӯ бо ҳар роҳу восита ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сафи ташкилоти мазкур даъват карда, то ҳол дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад. С.Тоҷибоев бародари худ Иброҳими Иномро низ ба сафи ин ташкилот даъват кардааст ва ӯ низ ҳоло дар Сурия қарор дорад.

Мамадшехова Шоиста Зикриллоевна, соли таваллудаш 1977, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ раиси бахши занони ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Номбурда аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Фаррух Шодмонов ба сафи ташкилоти мазкур ҷалб карда шуда, ҳамроҳи ду фарзандаш Ӯринов Ҷавоҳир, соли таваллудаш 1999 ва Ӯринов Бегзод, соли таваллудаш 2003 ба Вазиристони шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки аъзои ташкилоти мазкур (ҲИӮ) дар онҷо қарор доранд, рафтааст.

Шералиев Фаромуз Абдувалиевич, соли таваллудаш 1975, зодаи Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, солҳои 1992 то 1994 дар мадрасаи шаҳри Душанбе таълим гирифтааст. Дар мадрасаи «Мутавассила»-и шаҳраки Шаҳидони ноҳияи Ашт ҳамчун муаллим кор карда, ҳамзамон соли 2004 ба сафи ТЭТ ҲНИТ шомил шудааст. Номбурда бо даъвати бародараш Шералиев Абдуманнон Абдувалиевич, соли таваллудаш 1973 ба ҳизби мазкур шомил шудааст. Шералиев А. дар айни замон дар Украина қарор дошта, барои сомонаи ТЭТ ҲНИТ мақолаҳо менависад. Дар мақолаҳояш ҷанбаҳои ҷараёни салафияро тарғиб менамояд. Шералиев Фаромуз соли 2014 ба сафи ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил шуда, то соли 2016 дар сафи ин ташкилоти террористӣ меҷангад ва соли 2016 ба ҳалокат расидааст. Ҳамсар ва фарзандонаш то ҳоло дар Сурия қарор дошта, бо Шералиев А. гуфтушунид ва робита доранд.

Ғайратов Муҳаммадҷон Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1986, зодаи шаҳри Кӯлоб, бо тахаллусҳои «Муҳаммад-таке», «Кабуд» ва «Абдусамад» шинохта мешавад. Аъзои ТТЭ ҲНИТ буда, соли 2010 бо кумаки молиявии амакаш Ғайратов Абдусамад Исмоилович барои таҳсили динӣ ба шаҳри Зоҳидони ҶИЭ фиристода мешавад. Бояд қайд намуд, ки амакаш собиқ сардори бахши ҳизби мазкур дар минтақаи Кӯлоб буд. Номбурда баъди каме таҳсил дар ҶИЭ барои идома додани он ба ҶИП меравад. Сипас ба Сурия рафта, ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ пайваста, то ҳол дар сафи ташкилоти мазкур ҷангида истодааст. Инчунин ӯ тавассути саҳифаҳои интернетӣ наворҳои ифротгароиро паҳн карда, дигар ҷавонони тоҷикро ба «ҷиҳод» даъват менамояд.

Табаров Мирзоҷума Иброҳимович, соли таваллудаш 1988, зодаи ноҳияи Нуробод, хатмкардаи мактаби миёнаи 20-и ҳамин ноҳия мебошад. Таълимоти диниро дар назди падараш Абдуалиев Иброҳим — собиқ сардори бахши ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Нуробод гирифтааст. Бо ташаббуси падараш соли 2009 ба мадрасаи ба номи «Бадриддин Ҳасанӣ»-и шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия дохил шуда, то соли 2012 дар мадрасаи мазкур таҳсил мекунад. Табаров М.И. ҳангоми таҳсил дар Сурия ба иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод) шомил шуда, баъди баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғи ақидаҳои ин иттиҳодияи ҷиноятиро ба роҳ мондааст. Соли 2017 бо ҷурми таблиғи иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Ризвонов Абдулвоҳид Аъзамович, соли таваллудаш 1985, зодаи шаҳри Роғун, собиқ аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ ба ҳисоб мерафт. Номбурда солҳои 2008 то 2010 дар мадрасаи «Таҷдид-ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Соли 2016 бо ҷурми пайравӣ, таблиғ ва узвияти ҷараёни салафия боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Исоев Умед Ҳабибович, соли таваллудаш 1985, зодаи шаҳри Роғун, аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ. Номбурда солҳои 2008 то 2009 дар мадрасаи «Таҷдид ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Ӯ аъзои ташкилоти экстремистии салафия шуда, соли 2016 бинобар узвият ба ин ташкилот боздошт карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Тавре аз ин рӯйхати нопурра бармеояд, аъзо ва тарафдорони ТЭТ ҲНИТ аз дилхоҳ гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳаракатҳои ба номи исломӣ сӯиистифода карда, фаъолият менамоянд.

Тарҷумаи ҳоли ашхоси номбаршуда гувоҳи он аст, ки роҳбарият ва аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ аз ҳамаи гурӯҳҳои ифротӣ пуштибонӣ мекунанд. Агар, як тараф ба шиагароии Хумайния пайравӣ кунанд, аз тарафи дигар ба Ихвониҳои мисрӣ ҳамраъйӣ изҳор мекунанд. Инчунин ба гурӯҳҳои дигар, мисли салафия, таблиғия, гурӯҳҳои «Толибон», «Ҷабҳат ан-Нусра», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон низ пайваст мешаванд.

Ҳамаи шахсони дар боло зикршуда роҳбарони бахшҳо, аъзои фаъол ва писарону хешовандони аъзои ТЭТ ҲНИТ буданд. Танҳо як ҳолат сабаби ҳайрат аст, ки чаро дар набардҳои хунини ҷанг ягон нафаре аз фарзандону ҷиянҳои Кабирӣ иштирок намекунанд?! Саволест, ки ҷавобашро дар навиштаҳои минбаъда пешкаш мекунем.



Акрам САНГЗОДА,

АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: