Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳукми Суди Олӣ нисбат ба пайравони «Давлати исломӣ». Узви фаъоли гурӯҳ ба муддати як умр аз озодӣ маҳрум шуд

Ҳукми Суди Олӣ нисбат ба пайравони «Давлати исломӣ». Узви фаъоли гурӯҳ ба муддати як умр аз озодӣ маҳрум шуд

29-09-2017, 08:58
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Ҳукми Суди Олӣ нисбат ба пайравони «Давлати исломӣ». Узви фаъоли гурӯҳ ба муддати як умр аз озодӣ маҳрум шуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали имрӯз таҳти раёсати судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Кенҷазода, дар ҳузури намояндагони ВАО ва наздикони маҳкумшудагон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба сокинони шаҳри Қурғонтеппа Шарифҷони Зокир, с. т. 1997, маълумоташ миёнаи нопурра, бародари ӯ Раҷабҷони Зокир, с.т. 2001, хонандаи синфи 9-и мактаби миёнаи рақами 45 ш. Қурғонтеппа, Файзиев Равшан, с.т. 1996, маълумоташ миёнаи нопурра, Амирхоҷаев Рустамҷон, с.т. 1998, маълумоташ синфи шаш ва сокини шаҳри Душанбе Саидов Саъдӣ, с.т. 1986, маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби ду фарзанд, тибқи моддаҳои 187 қисми 2, 307, эзоҳи 2, қисми 2, 307, эзоҳи 3, қисми 2, 104 қисми 2 бандҳои «ж,з,м», 32 қисми 3, 104 қисми 2 бандҳои «ж,з,м», 196 қисми 3, 179 қисми 3 бандҳои «а,г», 195 қисми 3, 165 қисми 4 бандҳои «а,б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, нисбат ба номбаршудагон ҳукм бароварда шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз толори суд иттилоъ медиҳад.

Мувофиқи ҳукми Суди Олӣ ба Шарифҷони Зокир ҷазои ниҳоӣ — маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати як умр бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми махсус, ба бародари ӯ Раҷабҷони Зокир ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол бо адои ҷазо дар муассисаи тарбиявии дорои низоми умумӣ, ба Равшан Файзиев ҷазои ниҳоӣ — маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати чордаҳ сол, ба Рустамҷон Амирхоҷаев ҷазои ниҳоӣ — маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати сенздаҳ сол ва ба Саъдӣ Саидов ҷазои ниҳоӣ — маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати понздаҳ сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин карда шуд.

Тавре зимни муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ муайян гардид, Шарифҷони Зокир соли 2015 ақидаҳои ифротгароёна пайдо намуда, мунтазам ба сомонаҳои интернетии аъзои иттиҳоди экстремистӣ ва террористии «Давлати исломӣ» даромада, худро бо номи «Умари Хуросонӣ» ба қайд гирифт ва аз барандагони ин барномаҳо бо лақабҳои «Муовия», «Абу Муҳоҷир», «Абу Усомаи Норакӣ», «Саҳоба», «Холид ибни Валид», «Абу Муози шомӣ» дарсҳои экстремистӣ дар мавзӯъҳои «Тавҳид», «Шурудҳои Оллоҳ», «Навоқизи ислом», «Кофирону муртадон», «Бидъадон», «Фарз будани ҷиҳод дар Тоҷикистон», инчунин тартиби омода кардани таҷҳизоти тарканда ва усулҳои ба қатл расонидани одамонро омӯхтааст.

Минбаъд давоми соли 2015 оид ба ҳадафҳои иттиҳоди ҷиноятии «Давлати исломӣ» ба бародари ноболиғаш Раҷабҷони Зокир, писарамакаш Р. Амирхоҷаев ва Р. Файзиев маълумот дода, онҳоро барои иштирок намудан дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятии мазкур ҷалб намудааст. Шарифҷони Зокир моҳи сентябри соли 2015 ба воситаи интернет супориш гирифтааст, ки барои ташвиқ кардани «Давлати исломӣ» парчами онро аз матоъҳои ранги сиёҳ ва сафед омода намояд. Бо ҳамроҳии бародари ноболиғаш Раҷабҷони Зокир парчами «Давлати исломӣ»-ро ба андозаи 80х50 см омода намуда, расми онро бо телефони мобилиаш сабт намуда, ба воситаи барномаи «Зелло» ба «Хаттаб» ирсол намудааст. Инчунин бо ҳамроҳии Р. Файзиев парчамро ба теппаи «Қӯрғон» ва боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа бурда, бо намоиш додани он дар саҳни шаҳр расмҳо гирифта, онро ба аъзои «Давлати исломӣ» бо лақаби «Хаттаб» ба воситаи барномаи интернетӣ фиристодааст.

DSC_0598Моҳи августи соли 2016 Шарифҷони Зокир супориш гирифт, ки барои тасдиқ кардани устувории ақидаҳои худ шахсони майли бачабозидоштаро дар маҳали истиқоматии худ муайян карда, бинобар маҳкум гаштани чунин шахсон дар дини Ислом онҳоро ба қатл расонида, ҳолати мазкурро ба навор гирифта, ба онҳо фиристонад. Шарифҷони Зокир нақшаи ба қатл расонидани ҳамсоядеҳааш- сокини деҳаи Элтӣ, ноҳияи Бохтар «Н.Қ.С» тарҳрезӣ намуда, бо ӯ дар ҳудуди деҳаи Элтӣ вохӯрда, зимни суҳбат оид ба майли бачабозӣ доштани номбурда боварӣ ҳосил мекунад. Сипас шаби 13 августи соли 2016 «Н.Қ.С»-ро ба ҷои таъйиншуда даъват карда, аз шароити мусоид, яъне хам шудани охирин истифода бурда, бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳим- гардан, сар ва пушт чор маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа ин шахс дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ аз амалҳои ӯ қонеъ гашта, ба номбурда супориш доданд, ки тарзи омода кардани таҷҳизоти таркандаи фосилавиро тибқи дарсҳои интернетии онҳо аз худ намуда, як адад таҷҳизоти таркандаи озмоишӣ омода намояд. Моҳи декабри соли 2016 ӯ тибқи дастурамалҳои аъзои иттиҳоди «Давлати исломӣ» аз унсурҳои дастрас таҷҳизоти таркандаи хурд омода намуда, онро дар ҷои беодам ба кор дароварда, лаҳзаи таркишро ба навор гирифта, онро ба аъзои фаъоли иттиҳод ирсол намуд.

Ба ивази ин роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ 29 декабри соли 2016 ба ӯ ва ҳаммаслаконаш ба воситаи низоми интиқоли маблағи пулии электронии ҶДММ «Яндекс-денги» ба номи узви иттиҳод Р. Файзиев 6000 рубли ФР ирсол намуданд.

Шарифҷони Зокир 8 январи соли 2017, тахминан соати 4:00 бо худ маводи таркандаи худсохт гирифта, ба кӯчаи Логинови шаҳри Қурғонтеппа ҳозир шудааст. Ӯ таҷҳизоти таркандаро дар ҳолати омодабош қарор дода, зери мошини хизматии патрулии тамғаи ВАЗ-21010, рақами қайди давлатиаш 0515М03, ки дар назди бинои ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дошт, гузошта, аз ҷои ҳодиса дур шудаст. Тахминан соати 7:00 бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва тарсонидани аҳолӣ таҷҳизоти таркандаи худсохтро ба воситаи занги телефон ба кор даровард.

19 январи соли 2017 бо хоҳиши ӯ барои омода кардани дигар намуди таҷҳизоти тарканда роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ ба номбурда ва ҳаммаслаконаш такроран ба воситаи низоми интиқоли маблағи пулии электронии ҶДММ «Яндекс-денги» 3000 рубли ФР ирсол намуданд. Баъди дастрас кардани маблағи пулӣ Шарифҷони Зокир ҷузъҳои маводи таркандаро дастрас намуда, бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва тарсонидани аҳолӣ, таҷҳизоти таркандаи худсохти фосилавӣ тайёр кардааст.

30 январи соли 2017, соати 4:00 бо мақсади такроран содир намудани амали террористӣ, маводи таркандаро зери мошини тамғаи «Хундай» гузоштааст. Тахминан соати 7:00 таҷҳизоти таркандаи худсохтро ба воситаи занги телефони мобилӣ ба кор даровардааст.

Баъди анҷом додани амали террористии мазкур, ӯ ба аъзои иттиҳоди «Давлати исломӣ» оид ба ин амалаш ба воситаи барномаҳои «Зелло» ва «Телеграмм» хабар дода, хоҳиш кардааст, ки барои такмил додани дониши террористии худ оид ба омода кардани таҷҳизоти тарканда аъзои таҷрибадори иттиҳоди ҷиноятӣ бо ӯ робита барқарор намоянд. Бо супориши роҳбарони иттиҳод, ӯ бо узви дигари фаъоли иттиҳод бо лақаби “Абу Амина”, ки шахсияташ ба тафтишот маълум нест, робитаи интернетӣ барқарор намуда, аз номбурда дар хусуси омода кардани таҷҳизоти тарканда таълимоти иловагӣ гирифтааст.

Давоми моҳҳои феврал-марти соли 2017 аз бозорҳои шаҳри Душанбе ва Қӯрғонтеппа унсурҳои заруриро дастрас карда, дар дохили зарфи оҳанин таҷҳизоти таркандаи худсохти фосилавӣ тайёр карда, барои зиёд кардани таъсири марговари таҷҳизоти тарканда ба дохили он оҳанпораҳои гуногунҳаҷм ҷойгир намудааст. Бегоҳии 10 ва 11-уми марти соли 2017 ду маротиба таҷҳизоти таркандаро ба кӯчаи Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа бурда, онро дар канори роҳ дар ҳолати омодабош ҷойгир карда, интизори гузаштани хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия мешавад, аммо бо сабаби нагузаштани шахсони мувофиқ таҷҳизоти таркандаро ба кор надаровардааст. Шаби 12-уми марти соли 2017, тахминан соати 21:00 ӯ маротибаи сеюм таҷҳизоти таркандаи худсохтро ба канори роҳи пиёдагарди кӯчаи Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа, назди бинои Прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа ҷойгир карда, барои ба кор даровардани он дар масофаи муайян аз дигар тарафи роҳи мошингард камин гирифт. Тахминан соати 21:00 ӯ бо мақсади бо роҳи таркиш, ки тарзи хавфнок ба ҳисоб меравад, ба қатл расонидани пиёдагард Ҳасанбой Раҳмонов ва бо ин роҳ халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ такроран амали террористӣ содир карда, таҷҳизоти таркандаи худсохтро ба воситаи мавҷи ратсия ба кор даровардааст. Дар натиҷа таркиш ба миён омада, Ҳ. Раҳмонов бо гирифтани ҷароҳатҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳангоме Шарифҷони Зокир пайхас мекунад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба кирдорҳои зиёда аз 1-солаи ӯ тадриҷан маълумот пайдо карда, рӯзҳои наздик ӯро дастгир мекунанд, ба шаҳри Душанбе омада, ба роҳбарони худ аз хатари ба сараш омада хабар медиҳад. Аъзои фаъоли гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ», ки бо Шарифҷони Зокир кор мекарданд, дар навбати худ ба Саъдӣ Саидов супориш медиҳанд, ки ба Шарифҷони Зокир маблағи пулӣ диҳад, то ӯ аз Душанбе баромада равад. Зимни додани пул ҳам Саъдӣ Саидов ва ҳам Шарифҷони Зокир аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуданд. Бо ҳамин «корномаҳо»-и пайравони «Давлати исломӣ» дар Тоҷикистон ба поён мерасад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: