Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат

Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат

5-11-2015, 11:09
Хабарро хонданд: 632 нафар
Назарҳо: 0
«Хадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳукукбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».
Эмомалӣ Раҳмон.

Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат
Имсол ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 сол пур мешавад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни олии мамлакат буда, нисбат ба дигар қонунҳо бартарии пурраи худро дорад. Сарқонун ном бурдани он низ аз ҳамин сабаб аст. Бартарии Конститутсия маънои онро дорад, ки агар ягон қонун ба Конститутсия дар хилоф бошад, он арзиши қонунӣ надорад. Зикр кардан ба маврид аст, ки инкишофи Конститутсия бо рушди Тоҷикистон зич алоқаманд аст.

Чунончӣ маълум аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба, Конститутсия қабул шудааст, ки онҳо солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994-ум мебошанд. Аз ин Конститутсияҳои қабулгардида, танҳо Конститутсияи соли 1994 дар давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябр тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. Конститутсияи асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалкунандаи вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қонунбарор, иҷроия ва судиро муайян менамояд. Конститутсия асосҳои сохти конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, вазифаҳои Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Ҳокимияти маҳаллӣ, вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, Суд, Прокуратура ва тартиби тағйиру иловаҳо ворид намудан ба Конститутсияро ба таври мушаххас нишон медиҳад. Дастоварди бузург дар даврони истиқлолият ин дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунёвӣ таҷассум ёфтаанд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд. Аз ҷумла, ғояҳои олии башардӯстона, меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ ва ҷомеаи озод, ҳифз ва ҳимояи истиқлолияти сиёсиву иқтисодии давлат, таъмини ҳаёти осоишта ва зиндагии шоистаи мардум, волоияти қонун дар ҷомеа, дарки масъулият дар назди наслҳои имрӯзу фардо, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ва эҳтироми истиқлолияти сиёсӣ, принсипҳое мебошанд, ки ба иродаи тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия ифода ёфтаанд.

Сарқонун асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Конститутсия ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама, баробар дониста мешавад. Бо шарофати қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи тоҷикро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фархангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Сарқонун барои ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Албатта, дар таҳия ва омодасозии Сарқонуни даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон ниҳоят зиёд аст. Инак, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро ҳамчун рӯзи Қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд.

Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Сарқонуни кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид ва боварӣ дорам, ки ин санади барои давлату миллат мукаддасро ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси Ватан ҳамеша эҳтиром менамояд.
©Маҳмадсалим Ҳаитов, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: