Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сарқонун - санади сарнавиштсози миллат

Сарқонун - санади сарнавиштсози миллат

4-11-2015, 15:30
Хабарро хонданд: 582 нафар
Назарҳо: 0
Сарқонун - санади сарнавиштсози миллат
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лахзаи ба даст овардани истиклолият ғами кабули Сарконунро мехӯрд. Албатта Сарконуни ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1978 кабул шуда, ба талаботи ҷомеаи баъдӣ шӯравӣ, яъне ба талаботҳои истиклолият сохгор набуд. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами навини худро ба даргоҳи истиқлолият пой ниҳод. Ҳар давлат, аз ҷумла Тоҷикистон баъдӣ ба даст овардани истиқлолият тамоми сайю кӯшиши хешро барои бунёди давлатӣ дар ҳақиқат демокративу ҳуқуқбунёд равона карданд. Ин буд, ки барои расидан ба ҳадафҳои хеш дар таърихи 6 ноябри соли 1994 санади сарнавиштсозӣ миллат – Сарқонун (Конститутсия) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.

Чунончӣ маълум аст, Конститутсияи мазкур аз муқаддима, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Қабули конститутсия, ин даст кашидан аз шакли давлатдории шӯравӣ ва таҷассуми ҳокимияти сифатан нав – давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон қонунан эълом дошт, ки дар он қонуниятҳои инкишофи давлатдории тоҷикон дар назди наслҳои ҳозира ва оянда муқаррар шудааст. Дар муқаддимаи Конститутсия зикр гардидааст, ки халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.

Фарқиятҳои конститутсияи соли 1994 ва конститутсияҳои пешинаро иқтибосан аз китоби Тафсири илмию оммавии конститутсия (сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2009 меорем: “Агар фарқияти Конститутсияи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Конститутсияи даврони шӯравиро муайян кунем, фарқиятҳо хеле зиёданд. Лекин мо фарқиятҳои чашмрасашро дида мебароем.

Якум, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соли 1994 бе ягон мувофикат ё дахолати дигар давлат, мустакилона аз тарафи халқ барои шароити имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқ ва бо назардошти дурнамои давлат қабул карда шудааст. Лекин чор Конститутсияи то истиқлолият Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо назардошти нуктаҳои Конститутсияи ИҶШС (СССР) кабул карда шуда буданд.

Дуюм, ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқи моддаи 5-уми сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ ва мувофиқи моддаи 14 бошад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд барои давлат ва дар шахсияти давлат тамоми мақомотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор ибтидои фаъолият ва муайянкунанда эълон шудааст, ки ин гуфта, ҳосили ҳуқуқи фитрӣ аст. Яъне мувофиқи Конститутсияи имрӯза ҳуқуқи фитри нисбати ҳуқуқи меъёрии позитиви афзалият пайдо кардааст, ки ин қисми таркибии фалсафаи ҳуқуқ аст. Мувофиқи конститутсияи даврони шӯравӣ бошад, афзалият на ба ҳуқуқи фитрӣ, балки ба позитивӣ дода мешуд. Ҳуқуқҳои инсон «туҳфа»-и давлат буда, ҳар вақт мехост, маҳдуд кунад.

Сеюм, Конститктсияҳои даврони шӯравӣ плюрализми (гуногугандеши)-и сиёсиро манъ карда буд. Мафкураи гуногун, ки хилофи мафкураи Иттиҳоди Шӯравӣ буд, маҳдуд мекарданд. Сензураи давлатӣ ба таври максимали (ҳадди ниҳоӣ) ба роҳ монда мешуд. «Идорраи адаби» (Главлит) назорати (сензураи) чопшавандаро беист ва бе мондашавӣ ба роҳ мемонд. Имрӯз моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногунфикриро кафолат додаст. Ягон мафкура ба сифати мафкураи давлати эътироф карда намешавад.

Чорум, дар асоси талаботи моддаи 27-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат оиди иштироки шаҳрванд дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, атеистӣ ва ғайраро муайян кардааст. Конститутсияи даврони Шӯравӣ дар моддаи 6-уми худ ҳизби Коммунистиро ҳамчун ҳизбӣ идоракунанда, мустаҳкам шуда буд. Ғайр аз ҳизби коммунистӣ дигар хизбҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ манъ шуда буд. Ҳизби коммунисти тамоми сохторхои сиёсӣ ва шаҳрвандиро тобеъи худ карда, чӣ хеле ки хоҳад, ҳамон хел аҳолиро идора мекард. Инсон дар ихтиёри худ набуд.

Панҷум, таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суди риоя намешуд. Мувофиқи моддаи 9-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Шашум, дар давраи Иттиходи Шӯравӣ моликият ҷамъиятӣ буд ва ҳуқуқ ба моликияти хусуси манъ шуда буд. Фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта мешуд. Лекин имрӯз фаъолияти соҳибкорӣ раванди декримилизатсиониро аз сар гузаронида, имрӯз ҳамчун фаъолияти аз тарафи давлат ҳавасманд ва кафолат дода шудааст. Мувофиқи моддаи 12-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусуси кафолат дода шудааст.

Агар ба ҳамаи ин фарқиятҳои асосии Сарқонуни соли 1994 қабул шуда, аз дигар Сарқонунҳое, ки пеш аз ин қабул шуда буд, аҳамият диҳем, маълум гашта истодааст, ки Конститутсияи ҳозира бо роҳи райпурсии умумихалқӣ, яъне бе ягон мувофиқат ва дахолати тарафи дигар қабул карда шудааст ва ба талаботи ҳозира пурра мувофик гардонида шудааст. Ҳуқуқу озодии инсон арзиши олиро касб карда, давлат барои шаҳрванд зиндагии муносибро фароҳам овард.

Дар давоми 21 соли қабули Сарқонун, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи ҷаҳони ҳамчун кишвари рӯ ба сӯи тараққиниҳода, нишон дода, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ баҳои баландро сазовор шуд. Имрӯзҳо Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мешиносанд ва эҳтиромаш мекунанд. Барои ноил шудан ба ин гуна қуллаҳо, халқи тоҷик дар охири асри гузашта, ба бисёр ҳодисаҳои нангин дучор шуд ва бо гузашти ин қадар солҳо арзишҳои миллии тоҷикона барои мо ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷаро касб намуд.

Раиси ҲХДТ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии тамоми шаҳрвандон, Сарқонунро санади муқаддас хонда баён карданд: “Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.” Аз ин рӯ, ин санаде, ки худи мардуми шарифи кишвар бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул кард, аз ҳар як шаҳрванди бонангу номус тақозо мекунад, ки ғуломи ин қонуни кишвар бошал. Зеро ҳар як моддаи он танҳо ба хотири беҳбудии шаҳрвандон равона шудааст.
Мо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар қатори дигар ҷавонони бонангу номуси миллат дарки онро дорем, ки ояндаи кишвар дар дасти мост ва ободии он вазифаи ҷонии мост. Аз ин рӯ, ҳар яки мо омодаем, ҳиссаи худро баҳри ободии кишвари азизамон гузошта бошем .

©Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров Фирдавсхон Ҳоҷиев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: