Ҳама баҳри Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон31-10-2015, 15:55
Хабарро хонданд: 490 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ, хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии тобеи шаҳраки Панҷ шанбегӣ ташкил карда гузаронида шуд.
Дар ин рӯз кормандони соҳаи тиб, мактабҳои таълимӣ ва хизмати коммуналӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз гуруҳҳои мобилӣ, Ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотии ҲХДТ оиди ба мардум аз наздик расонидани моҳияти сиёсии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳот суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар ин рӯзи шанбегӣ ҳамчунин нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ»-ро ба 600 нусха ва «Ҳамрози халқ»-ро ба 500 нусха иҷро намуданд. ©Кумитаи иҷроия дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.