Дарси кушод дар мавзӯи “Сарқонун – санади сарнавиштсози миллат!”30-10-2015, 15:10
Хабарро хонданд: 426 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, бедор кардани ғурурӣ миллӣ, гиромидошти арзишҳои ватанӣ, ҷалби ҷавонон ба эҳтироми арзишҳои муқаддаси ҳизбӣ ва сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи кории намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров, санаи 30 октябри аз тарафи роҳбари намояндагӣ дар ноҳия Ф.Ҳоҷиев дарси кушод дар мавзӯи “Сарқонун – санади сарнавиштсози миллат!” бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и минтақаи Исфисор гузаронида шуд.
Ба дарси кушод хонандагони синфи болоии мактабӣ, фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҷалб шудаанд. Ф. Ҳоҷиев дар бораи таърихи қабул, нақш ва мақоми Сарқонун дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва хусусан ҷавонон, ҳамзамон бобати мақсад, маром ва вазифаҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар татбиқи ғояҳои ҳизбӣ васеъ истода гузашт. Мавсуф қайд кард, ки имрӯз Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро ҳифз мекунад, зеро чуноне Раиси ҲХДТ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.” Ҳоҷиев Ф. қайд кард, ки дар давоми 21 соли қабули Сарқонун, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи ҷаҳони ҳамчун кишвари рӯ ба сӯи тараққи ниҳода нишон дода, аз тарафи созмонҳои байналхалқи баҳои баландро сазовор шуд. Имрӯзҳо Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократи, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мешиносанд ва эҳтиромаш мекунанд. Чорабинии мазкур ба ҷавонон хеле писанд омад, зеро бо як навъи хоса баргузор гардид, чунончӣ дар дилхоҳ вақт ҷавонон метавонистанд, фикру дархост ва саволҳои худро бевосита диҳанд. Бар замми ин ҷавонон ба музокира баромада, фикру мулоҳизаҳои худ бобати Сарқонуни ҶТ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва дигарҳо баён карданд. Дар давоми дарс ҷавонон хеле фаъол буданд ва зиёда аз 40 савол ба роҳбари намояндагии Ҳоҷиев Ф. доданд. Дар охир бо қаноатмандӣ ҷавонон қайд карданд, ки минбаъд дар бари ТҶҶ “Созандагони Ватан” истода, иқдомҳои онро бо шавқу рағби хоса дастгири хоҳанд кард, зеро он ифодакунандаи манфиатҳои ҷавонон аст. Ҳамзамон чунончӣ аз намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров маълум гардид, ки баҳри ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонӣ бо онҳо баргузории чунин вохӯриҳо дар нақша аст. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.