Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон

Роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон

14-12-2017, 09:24
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон
Ҷавонон дар ҳар давру замон қишри муҳими ҷомеа маҳсуб ёфта, дар раванди давлатдорӣ таъсири хешро мегузоштанд. Агар ба саҳифаҳои таърихи Ватан назар афканем, кам нестанд воқеаҳо ва рӯйдодҳои азиме, ки дар он нақши ҷавонон мавқеи хосса дорад. Масалан, Яъқуб ибни Лайс барои таъсис намудани давлати хеш-Саффориён аз ҳисоби ҷавонони ҷасур истифода намудааст, гвардияи шахсии ӯро низ ҷавонони далер ва чобук таъсис медоданд, ки онҳоро мардум «озодагон» ном мебурданд. Чунин мисолҳо дар гузаштаи инсоният хеле зиёд ҳастанд, вале баробари ин масъала дар бобати тарбия, ахлоқ, рафтор ва гуфтори наврасону ҷавонон ҳанӯз аз замонҳои қадим аҳамияти махсус зоҳир менамуданд. Далели гуфтаҳои мо як қатор асарҳои безавол ва пурбаҳои мутафаккирони гузашта мебошад. Унсурмаолии Кайковус дар асараш «Қобуснома» насиҳатҳои падаронаи худро ба писараш Гелоншоҳ гирд овардааст, Ҳусайн Воизи Кошифӣ бошад дар асарҳои пурҳикмати хеш «Футувватномаи Султонӣ», «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» ва «Рисолаи Ҳотамия» ақидаҳои олии худро нисбати одоб ва муоширати ҷавонон баён намудааст, баробари чунин асарҳои воқеан таъсирбахш ва бебаҳо дар адабиёти пурғановати миллати тоҷик доир ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон бисёр аст, ки дар мақола танҳо чакидаҳои ду мутафаккирро дарҷ намудам, фарзанд азиз аст ва одобаш аз вай азизтар. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз овони кӯдакӣ мо ба фарзанд чӣ тавр тарбият диҳем, ҳамин хел ба воя мерасад, беҳуда намегӯянд, ки оҳанро дар гармиаш кӯфт. Дар мактаби миёна ҳангоми таҳсил дар зинаи ибтидоӣ мо фанни одобнома доштем, ки омӯзгор ҳикояҳоро аз асарҳои Воизи Кошифӣ нақл мекарданд. Ин дарс тарбияи мо таъсири хубе мегузошт ва то ҳол дар хотири мо хислатҳои ҷавонмардонаи Ҳотами Той ҷой дорад, ки мекӯшем дар ҳар лаҳза мисли он бошем. Муродамон таъкиди ҳамин нукта аст, ки пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуб байни ҷавонон аз замони тавлиди оғоз меёбад.
Дар бобати ҷавонон ва саҳми онҳо дар ҷомеа Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид намуда онҳоро ба дӯст доштани Ватан, худшинос будан ва касб кардани хислатҳои ҷавонмардонаро бедор намудан даъват менамоянд.
Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Ҷавонон воқеан кувваи бузург ва нерӯи тавоно ҳастанд, сафарбар намудани ин нерӯи азим ба роҳи созанда барои тараққиёти кишвар мусоидат намуда, амният ва суботи онро низ таъмин месозад. Авзои сиёсии ҷаҳони муосир пурпечутоб буда, дар он гурӯҳҳои зиёди иртиҷоӣ, ки зидди ҳукуматҳои қонунӣ ҳастанд, фаъолияти махфӣ ва ошкоро бурда, ҷавонони сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ доштаро ба сафи хеш ҷалб намуда, онҳоро ба роҳи амалҳои ғайриқонунӣ сафарбар месозанд, ки ин ходиса яке аз падидаҳои номатлуб дар мамлакатҳои зиёди дунё мебошад. Худи калимаи номатлуб чист? Агар падида ин ҳодиса бошад, номатлуб дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ба маънои мувофиқи мақсаднабуда, ғайри дилхоҳ ва номақбул омадааст. (5. Ҷ, 1) Яъне амале, ки мақбули ҳамагон нест. Кадом амалҳоро метавон номатлуб дар байни ҷавонон номид? Бефарҳангӣ (тарбияи бад доштан), сигоркашӣ, нашъамандӣ, дуздӣ, ришваситонӣ, (тамоми амалҳои ҷиноӣ), шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ, экстремистӣ ва ғайраҳоро метавон падидаҳои номатлуб номид. Кадом омилҳо сабаби даст задани ҷавонон ба падидаҳои номатлуб мегардад?
Имрӯз яке аз мушкилоти асосии ҷавонони тоҷик ин сатҳи пасти дониш – бемаърифатӣ буда, боқӣ дигар мушкилотҳо ба он сахт вобастагӣ дорад, (5. С, 11) қайд менамояд олими ҷавон Шӯҳрат Саидов. Воқеан, дуруст аст, ки сабаби асосии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷиноӣ ва дигар падидаҳои ғайримақбул ин аз маърифти пасти онҳо мебошад. Хатаре, ки имрӯз ба ҷомеаи чаҳонӣ таҳдид менамояд, терроризм аст. Сафи террористонро ҷавонони дорои шуури паст ташкил медиҳад. Ҳанӯз дар асрҳои миёна чунин гурӯҳҳои иртиҷоӣ буданд, ки дар натиҷаи фаъолияти онҳо аз дониши заиф доштаи Адбулатиф истифода бурда ӯро ҳамчун силоҳ, восита ба амал дароварда, ақидаашро вайрон сохтанд ва худ падараш Улуғбек – ро соли 1449 ба қатл расонид. Дар ҷаҳони муосир бошад, ҳодисаҳои террористӣ хеле зиёд шудаанд, ки ин боиси нигаронӣ буда, аз тамоми қишрҳои ҷомеъа масъулият ва муборизаро зидди ин падидаҳои номатлуб талаб менамояд. Падидаҳои номатлуб дар пайи худ ба амният ва суботи ҷомеа ва давлат хатар эҷод намуда, фазои ороми кишварро халалдор месозад. Боиси қайд аст, амалҳои террористии замони муосир хислати муташаккилиро касб намудааст. Давлатҳое, ки зери нишони террористон афтодааст, пайваста дар он ҷойҳо амалҳои номатлуби худро такрор менамоянд, ором намудани вазъи кишвар мушкил мегардад. Мисоли ёдоварист – Ироқ, Сурия ва дигар давлатҳое ки бо ин амали номатлуб муборза бурда истодаанд.
Чи тавр падидаҳои номатлубро пешгирӣ бояд намуд? Пеш аз ҳама маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавононро баланд намуда, муқаддас будани Ватан, модар, сулҳ ва арзишҳои дигарро фаҳмонидан лозим. Бо воситаи телевизион ва дигар васоити ахбори омма пахш намудани барномаҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ, ки амалҳои номатлубро танқид намуда, тарзи ҳаёти солимро инъикос намояд. Зеро васоити ахбори омма қудрати хуби таъсиррасонӣ, сафарбарсозӣ ва маърифаткунониро дошта барои бартараф намудани унсурҳои падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ҳиссаи калон дорад. Дар ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо доир намудани мулоқотҳо ва вохӯриҳо оид ба амалҳои номатлуби давр, ташкил намудани аксияҳои ҷавонон ва таксим намудани варақаҳои иттилоотӣ оид ба зарари сигоркашӣ, майнӯшӣ ва дигар амалҳои номақбул.
Чӣ хеле ки мегӯянд, пешгирӣ аз табобат беҳтар аст, пас мо ҷавонони саодатманди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва тамоми қишрҳои ҷомеа даст ба дасти ҳам гирифта, бар муқобили ин падидаҳои номатлуби давр мубориза барем, то ки ин сарзамини биҳиштосо, ором ва ободро аз ин ҳам ободтар созем ва ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Ғ.М. БОБОҶОНОВ, ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик ДДҲБСТ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: