Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Силсиламулоқотҳои судманд

Силсиламулоқотҳои судманд

18-12-2017, 13:15
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
Силсиламулоқотҳои судманд
ДЕВАШТИЧ. Чи тавре, ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Рамон қариб дар ҳама мулоқоту вохӯриҳояшон бо эътимод зикр мекарданд, ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеаи навини Тоҷикистони соибистиқлол буда, ояндаи миллату давлат ҳастанд ва ин гуфтаҳову боварию ғамхориҳои Сарвари давлатро месазад, ки ҷавонони имрӯзаи мо маҳаки асосии фаъолияти худ қарор диҳанд. Зеро Роҳбари муаззами мо аз ин овони тиллоӣ ба камол расида, худ шоҳиди онанд, ки бо ақлу заковати созанда, бо ҳисси баланди ифтихори миллию ватандӯстӣ, бо масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои оянда ҷавонон қодиранд, ки Тоҷикистони азизамонро боз ҳам тараққӣ дода, дастовардҳои Ваҳдати миллию Истиқлолияти давлатиро қадр ва эҳтиром намоянд. Ба ҳамин хотир, баҳри тақвияти солимии ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон, барои ба созандагиву бунёдкорӣ равона намудани қувваи зеҳнию ҷисмонии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои милливу фарҳангӣ ва муқаддасоти давлатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои ғайриқонуниву экстремистӣ ва даст задан ба кирдорҳои номатлуб аз ҷониби аъзои Шӯрои Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич як қатор силсиламулоқотҳо бо ҷавонони ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Дар мулоқотҳои мазкур доир ба масъалаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва даст задан ба кирдорҳои номатлуб баромадҳо карда, хосатан зикр намуданд, ки даврони ҷавонӣ – ин айёмест, ки ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мутобиқ гардида, нисбати тамоми воқеоту ҳодисот фикру андешаи болиғ ва мустақил надоранд. Қувваи бузурги ақлониву ҷисмоние доранд, ки ҳангоми истифодаи он ё месозанд ё месӯзанд. Аз ин хотир, ҷавонон бояд аз шароити имрӯзаю аз ғамхориҳои Сарвари давлатамон илҳом гирифта, қувваи худро баҳри бунёдкориву ободии Ватан-Модар, барои поянда нигоҳ доштани соҳибихтиёриву дунявият ва ягонагии Тоҷикистон равона намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва беш аз пеш ба омӯзиши илму техника диққати махсус зоҳир намоянд, зеро онҳо захираи тиллоии давлат буда, ояндаи дурахшони давлату миллат аз ҷавонон вобаста аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: