Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон

Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон

14-09-2017, 10:32
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон
Панҷ. Санаи 13-уми сентябри соли 2017 бо ташаббуси КИ ХХДТ дар ноҳияи Панҷ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар маркази шаҳрак Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон» доир гардид. Дар ин чорабинӣ асосан донишҷӯёни литсейи касбӣ-техникии ноҳия, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва ҷавонони ноҳия ширкат варзиданд.
Дар ибтидои ин ҷамъомад раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ё.Носиров баромад намуда, қайд намуд, ки ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки ҷавонон қишри аз нигоҳи сиёсиву мафкуравӣ фаъол ва созандагони фардои ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бо ҳамин хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули ҷаҳонбиниву баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон ҳавасманд буда, ба таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар донишгоҳҳои мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон мусоидат мекунад.
Ҷавонбан якчанд нафар ҷавонон дар баромадашон қайд намуданд, ки дар дили хеш ҳисси баланди миллӣ дошта, худшиносу худогоҳ мебошанд ва сазовори боварии давлату Ҳукумат, Ватан-Модар, ба сарвари худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ буда, бо ободкориву созандагии худ Тоҷикистонро машҳури дунё мегардонанд. Ѓамхориву меҳрубониҳои падаронаи Пешвои миллатро нисбати насли ҷавону ояндасоз ба инобат гирифта, мо насли ҷавон барои рангину зебо намудани давлати навину тозаистиқлоли хеш талош хоҳем кард.
Аксия бо роҳпаймоии ҷавонон дар шоҳроҳи марказии шаҳрак бо парчаму шиору овезаҳо идома ёфт.

Атавуллоева З.
КИ ҲХДТ дар нохияи Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: