Вохурӣ14-06-2017, 08:42
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
АЙНӢ. Имрӯзҳо, ки дар тамоми мамолики исломӣ моҳи шарифи Рамазон фаро расидааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин моҳи муборак пазирої кардаасту дар масҷидҳо намози таровеҳ адо мешавад, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ва Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” ба хотири пешгирии мактаббачаҳо аз рафтан ба масҷидҳо ва дур намондан аз таълиму тарбияи мактаб барои вохурї ва аз пешгирии падидаҳои номатлуб ба масҷидҳои ҷомеъ ташриф бурда, бо намозгузорон ва аҳли ҷамоатчигӣ вохурї ва сӯњбатҳо доир намуд. Дар вохурӣ қайд карда шуд, ки ҳамин мактаббачаҳо ҷавонони оянда ҳастанд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон умеди калон доранд. Таҳкурсии ҷавонони дорои ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ , зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар дар мактаб гузошта мешавад. Ва ҳушдор бояд дод, ки чанде қабл дар масҷидҳои ҷумҳурӣ дар байни намозгузорон ашхосе зуҳур карда буданд, ки зери пардаи ислом барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва ҷангҷӯй кор мебурданд ва хушбахтона вақтҳои охир ин кам ба назар мерасад ва аз ин бояд мағрур набояд шуд. Шояд то ҳол афроде бошанд, ки бо ҳамин мақсади нопок ба масҷидҳо, гӯё барои адои намоз омада бошанд даст ба ҷиноят зананд. Барои инро пешгирӣ ва ба қонун таслим намудан ҳар яки мо вазифадорем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.