Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ "ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ"

ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ "ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ"

4-12-2017, 11:13
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ "ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ"
ДУШАНБЕ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар толори маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур даври дуюми озмуни "Хонандаи беҳтарини китобҳои Пешвои миллат" ҷамъбаст гардид.
Дар даври якуми озмун 224 нафар иштирок намуда, 24 нафар фаъолон ғолиб дониста шуданд.
Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани рафти озмун ҳайати ҳакамон Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, раиси комиссия, Муродов Субҳон-номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, ходими калони илмии шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳовуддини АИ ҶТ, аъзои комиссия, Кучарова Балхия-нозири калони ҳуқуқшиносӣ шуъбаи кадрҳои Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳовуддини АИҶТ, аъзои комиссия, Зиёева Зебуниссо-номзади илмҳои фалсафа ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳовуддини АИҶТ, аъзои комиссия ва Дустов Ҳамрохон- муовини раиси КИИ “Дониш”-и ДМТ, аъзои комиссия тибқи шартҳои Низомномаи озмун ба маҳорату малакаи донишҷӯён баҳо доданд.
Ҷойи якум ба Сангов Шараф-донишҷӯи бахши сеюми ДМТ, ҷойи дуюм ба Қосимова Сабрина-донишҷӯи бахши дуюми ДТТ ба номи академик М. Осимӣ ва Ёрмуҳамедова Мадина–донишҷӯи бахши сеюми ДМТ, ҷойи сеюм ба донишҷӯёни бахши сеюми ДМТ Самандари Қаландар ва Муҳиддинов Анис сазовор дониста шуд.
Ба донишҷӯёне, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд, бо Итихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва донишҷӯёне, ки дар озмун фаъолона иштирок намуданд, бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: