Ташкилоти ибтидоии нав бо номи “Маквиолӣ” таъсис дода шуд4-12-2017, 11:04
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ баргузор гардида истодааст. Дар ин замина санаи 1 декабри соли 2017 маҷлиси муассисон дар доираи талаботҳои Оинномаи ҲХДТ бо мақсади таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ҶДММ “Маквиолӣ” бо иштироки муовини Раис – роҳбари Дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Зимни баргузории маҷлис ба 12 нафар кормандони ҶДММ “Маквиолӣ” дар ваъзияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.