Дар Нозироти андозсупорандагони калон маҷлиси нахустини муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он Заррина Файзуллозода – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Изатуллои Ҳабибзод муовини раис- роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Асадуллозода Мизроб -Сардори Нозироти андозсупорандагони калон иштирок ва суханронӣ карданд.
Маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоиро Асадуллозода Мизроб -Сардори нозироти андозсупорандагони калон ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки аҳли кормандони нозироти андозсупорандагони калон ҳамеша аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, дар партави ғамхории бевоситаи он фаъолият дорем. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуд, ки имрӯз бо мақсади дастгирӣ аз сиёсати Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ ва муттаҳид будан дар як ақида мо аҳли кормандон тасмим гирифтем, ки дар назди Нозироти андозсупорандагони калон ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шавад.
Сипас, аз рӯи рӯзномаҳои маҷлиси оиди қабул ба сафи ҲХДТ, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, номгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, интихоби раис ва котибот ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Изатуллои Ҳабибзод Муовини Раис- Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баромад намуда, ёдовар шуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва мутобиқи банди 4.2-и Оинномаи ҲХДТ дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар узви ҳизб ва ё зиёда он ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода мешавад. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуд, ки имрӯз хушбахтона кормандони Нозироти андозсупорандагони калон дар асоси аризаи шахсиашон ва иродаи сиёсиашон ба сафи ҲХДТ шомил шуданд. Ин имконият медиҳад, ки дар Нозироти андозсупорандагони калон ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шавад.
Нахуст ба кормандони Нозироти андозсупорандагони калон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Сипас номи ташкилот бо пешниҳод ва ҷонибдории ҳамагон «Дурахшандагон» номгузорӣ карда шуд. Ҳамчунин аъзои ҳизби ташкилоти мазкур оиди интихоби раис ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромад намуда, пешниҳод намуданд, ки Асадуллозода Мизроб-сардори нозироти андозсупорандагони калон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дурахшандагон» ва Бобоқулова Мавлуда- котиби ташкилот интихоб карда шаванд. Пешниҳоди мазкур ҷонибдорӣ карда шуд ва оиди ин масъала қарор қабул гардид.
Аз рӯи масъалаҳои муҳокима гардида, бо овоздиҳии аъзои ҳизб мутобиқи бандҳои 4.2 ва 4.4-и Оинномаи ҲХДТ қарор қабул карда шуд.
Раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дурахшандагон» Асадуллозода Мизроб дар назди ҳозирин баромад намуда, аз дастгирии роҳбарияти кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ва аъзои ҳизб барои боварӣ ва интихоб намудан ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар фаромади маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дурахшандагон», Заррина Файзуллозода – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, ҳозиринро б офарорасии 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Зикр карда шуд, ки 26-сол аст, ки мардуми сарбаланди тоҷик соҳибдавлат мебошанд. Масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ин сарзамин аст, ки барои пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ кӯшиш намояд.
Дар идомаи суханронии худ Заррина Файзуллозода-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои созанда дар амалӣ намудани Барнома ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Дар идома гуфта шуд, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда дар сафҳои худ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро, ки Оиннома ва Барномаи ҳизбро эътироф мекунанд, муттаҳид намудааст.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе