Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сафари расмии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон

Сафари расмии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон

1-11-2017, 11:49
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Сафари расмии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон
Дар ҳошияи сафар дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии кишварҳо барпо мешавад.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов пагоҳ, 2 ноябр бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, субҳи рӯзи 2 ноябр дар «Қасри миллат» мулоқоти хосаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов доир гардида, сипас музокироти васеи ҳайатҳои кишварҳо бо иштироки роҳбарони давлатҳо дар назар аст.
Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо аз имзои як қатор санадҳои дуҷониба дар бораи ҳамкории минбаъда интизорӣ рафта, ба намояндагони ВАО изҳороти муштараки матбуотӣ пешниҳод мегардад.
Нимаи дуюми рӯзи 2 ноябр маросими гузоштани гулчанбар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов баргузор мешавад.
ино ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи сафари президенти Туркманистон ба Тоҷикистон имрӯз, 1 ноябр дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии кишварҳо барпо мешавад.

Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон зиёда аз 50 санаде иборат мебошад, ки аз соли 1993 то соли 2012 ба имзо расидаанд. Созишномаҳои имзошуда асоси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрук ташкил медиҳанд.

Соли 2016 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Туркманистон ҳудуди 95 млн. долларро ташкил дода, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани растанӣ, семент ва дар навбати худ Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои мавриди ниёзи мардум, алюминий ва маснӯоти он ва маҳсулоти кишоварзӣ харидорӣ мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: