Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов29-06-2017, 09:45
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом дод. Сарвари давлати мо бо таманниёти беҳтарин Президенти Туркманистони дӯстро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш самимона муборакбод намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муҳими ҳамтои худ Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар тавсеаву таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид карданд. Сарони кишварҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши беш аз пеши ин муносибот мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори ақида намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.