Терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир28-10-2015, 09:44
Хабарро хонданд: 440 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади қоҳиш додани ҷараёни шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иғвогарона, пешгирии падидаҳои номатлуб ва вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи ДКМТ соати сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Қаноатов А., сардори шӯъбаи назорати қарорҳои судҳо дар Прокуратураи вилояти Суғд, Хоҷамиров Х., ноиби раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд, Бобоева Ш., мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов ва зиёда аз 300 нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карданд.
Дар оғози соати сиёсӣ ректори донишгоҳ Фозилов М. ба сухан баромада, дар бораи оқибатҳои даҳшатангези гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ қаӣд кард. Дар навбати худ Хоҷамиров Х. дар бораи ақидаҳои олимону муттафакирон оид ба масъалаи садоқат ба Ватан, қавииродагӣ ва таҳаммулпазирӣ, ҳамчунин масъалаи хиёнат ба Ватан, одамкушӣ аз нигоҳи дин ибрози андеша кард. Намояндандаи Прокуратураи вилоятӣ Қаноатов А. дар бораи сабабҳои гумроҳшавии ҷавонон, роҳҳои пешгирӣ кардан ва мубориза алайҳи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ баромад карда, суханони худро бо маълумотҳои оморӣ ва далелҳои мушаххас асоснок гардонид. Мудири шуъбаи ташкилии кумиҷроияи шаҳри Бобоева Ш. дар баромади худ дар бораи саҳми ҲХДТ дар пешгирии падидаҳои номатлуб, сарҷамъиву якдилии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва фароҳам овардани зиндагии арзандаи шаҳрвандон таъкид кард. Даъват ба амал оварда шуд, ки барои пойдории Истиқлолият, баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ва рушду нумӯи мамлакат ҳама бояд зери парчами сулҳу ягонагӣ сарҷамъ гардида, барои муборизаи муташаккилона бар зидди шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои тундгаро ҳиссаи худро гузорнад. Дар фарҷоми соати сиёсӣ донишҷӯи курси 5-уми ДКМТ Абдуллоева Т. ба сухан баромада, аз номи аҳли нишаст иброз дошт, ки ҷавонон ҳама вақт ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Раиси ҲХДТ, Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои олии кишвар буда, барои гул-гул шукуфии Ватани азизи худ камари ҳиммат хоҳанд баст. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.