Кӯмаки амалӣ -методӣ18-10-2017, 09:10
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи дастуру супоришҳои протоколии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баҳри кӯмаки амалӣ-методӣ расонидан ба кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҷиҳати масъулияти ҷиддӣ эҳсос намудани раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ, аз ҷумла соатҳои сиёсӣ баргузор шуда истодааст. 17– октябри соли 2017 дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Забоншинос»-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикиситон ба номи С.Улуғзода бо иштироки Муминов Абдумаҷид - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот, Холов Аббосалӣ - сармуҳосиб ва Мирзоев Муҳаммадҷон - мутахассиси бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соати сиёсӣ дар мавзӯи «Интизом корро саҳл месозад» доир гардид. Нахуст, Илҳомов Муродалӣ – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Забоншинос»-и ҲХДТ дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар марҳилаи кунунӣ ва нақши он дар амали кардани дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешаронӣ кард. Муминов Абдумаҷид - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи дуруст роҳандози кардани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва истифода намудан аз роҳу усулҳои муосири корҳои таблиғотӣ ҷиҳати расидан аз наздик бо мардум ва ба онҳо расонидани ҳадафу мақсади сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина расонидани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тибқи талаботҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб баромад намуд. Сипас, Мирзоев Муҳаммадҷон- мутахассиси бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи риояи талаботҳои Оиннома ва Низомномаи оид ба тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ суханрони карда, аз ҷумла ёдовари кард, ки тибқи муқарароти боби 6-уми Низомнома “Оид ба тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ” бақайдгирии узви ҳизб дар ҳолати тайғири макони зист ва ҷойи кор бо муроҷиати хаттӣ ба ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ноҳиявӣ ё ибтидоии ҳизб ба роҳ монда мешавад ва узви ҳизб вазифадор аст, ки дар ҳолати иваз кардани макони зист ва ҷойи кор дар давоми ду ҳафта ба Кумити иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ (ноҳиявӣ) муроҷиат намуда, варақаи шахсии узви ҳизбиашро дастрас намояд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар ҳолати риоя нагардидани талаботҳои мазкур нисбати аъзои ҳизб чораҳои тарбиявии ҳизбӣ андешида шуда, ба ӯ огоҳи ё танбеҳ эълон карда мешавад. Зимни соати сиёсӣ аз раёсати кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ даъват ба амал оварда шуд, ки донишҷӯёне, ки аъзои ҳизб мебошанд ва Донишкадаро хатм менамоянд, ҳангоми ба кор ҷалб гардиданашон ба минтақаҳои муайян гардида, варақаҳои шахсии узви ҳизбиашон аз Кумитаи иҷрояи ҳизбии ноҳия тибқӣ талаботҳои дарҷ гардида талаб карда онро ба ҷойи кори макони зисти нав, ки дар он ҷо ташкилоти ҳизбии ҲХДТ мавҷуд аст, бақайд гузоранд. Дар фарҷоми чорабинии сиёсӣ оид ба риояи ҳадафҳо ва мақсаду мароми талаботҳои Оиннома, Низомнома ва Барномаи ҲХДТ баҳсу мунозираҳо бо кормандони масъули ҳизб доир гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.