Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Ҷулинаи бечеҳра

Ҷулинаи бечеҳра

11-10-2017, 08:47
Хабарро хонданд: 351 нафар
Назарҳо: 0

Худованд бисёр меҳрубон ва бузург аст, муъҷизаҳое дорад, ақли инсони онро дарк карда наметавонад, вале падидаҳоеро ба мо нишон медиҳад, ки мо аз он дарси ибрат гирем ва баҳри неку баде, ки ба сари мо меояд шукургузор бошем. Набояд фаромуш кард, ки ягон зуҳуроте беҳикмат нест, ягон омиле ҳаст, ки сабабгори пайдоиши он мегардад. Илм ҳар падидаеро, ки зуҳур мекунад пайгири намуда сабаб ва омили онро ҳатман муаян месозад.
Дар дунё падидаҳои зиёд ба вуқуъ мепайванданд, баъзеҳояш чунон таъсирбахш ва ғайриодди ҳастанд, инсониятро дар ҳайрат гузошта ба бовар кардани он ақл дасткутоҳи мекунад.
Дар яке аз оилаҳои хизматчии ҳарбӣ тифле ба дунё меояд, ки бо амри тақдир чеҳра надорад.
Номаш бошад Ҷулиана буда фарзанди ягонаи хонадон мебошад. Падараш дар флот хизмат мекунад. Духтурон муаян намуданд, ки қариб 40%-и устухонҳои чеҳраи духтарча вуҷуд надорад.
Падараш Том мегӯяд мутаассифона Ҷулианаи хурдакакам аз ҷоғи боло, устухони рӯй ва устухони зери чашм маҳрум аст.
Духтарча маҷбур аст, ки якбора аз тариқи меъда тановул кунад ва ҳамзамон ӯ бо воситаи ной нафас мекашад. Танҳо дар дусолагиаш 14 маротиба ҷарроҳӣ шудааст, бояд боз камаш 30 маротиба ҷарроҳии дигарро аз сар гузаронад.
Духтурон ба он назаранд, ки ҳарчанд ба духтарча чеҳраи нав дода натавонем ҳам, талош дорем, ки ҳадиақал қисман рухсораашро барқарор кунем. Барои ин волидони духтарак тамоми ҳасти ва неруяшонро бароҳ мондаанд ва сахт талош доранд, ки саломатии духтарашонро барқарор созанд.
Мо умед дорем, Худованд ягон касро ноумед намекунад. Мо ҳоло ба тамоми олам нишон медиҳем, ки чӣ хел духтари зебо дорем ва ҳамагон албата ҳаваси Ҷулинаи маро мехурад бо оҳи вазнине изҳор дошт модари Ҷулиана.
Ин падидаро олимон синдроми Тричер-Колинза мегӯянд, ва қайд мекунанд, ки ин ҳодисаи аз ҳама даҳшатовар дар тамоми давраҳои таҷрибаи мо ба шумор меравад.
Аз сабаби ин беморӣ баъзе вақтҳо тановул ва нафаскашии духтарча мушкил мешавад.
Моро мебояд, баҳри ҷисму тани солиме, ки Худованд насибамон гардондааст сипозгузор бошем.
Таҳияи Фирдавси Абдураҳмон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: