Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи Россия

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи Россия

5-10-2017, 17:30
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи Россия

ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони ду давлат доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкории минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти некашро иброз дошт.

Суҳбат дар фазои самимият, дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хоси тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия мебошад, сурат гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: