Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

5-10-2017, 17:30
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев суҳбати телефонӣ дошт.

Сарвазири Россия аз номи Ҳукумати кишвар ва аз номи худаш Сарвари давлати Тоҷикистонро бо зодрӯзаш табрик намуда, ба ӯ таманниёти нек баён кард.

Дмитрий Медведев саҳми шахсии муҳиму назарраси Эмомалӣ Раҳмонро дар густариши муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар асоси дӯстӣ, шарикӣ ва иттифоқчигӣ тазаккур дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия майлу рағбати мутақобилаи худро ба рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманд дар ҳамаи арсаҳо ва шаклҳо собиту таъйид намуданд.

Ҷонибҳо дар он маврид ҳамақида буданд, ки тақвияти минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи дуҷониба, тавсеаи робитаҳои байниминтақавию соҳибкории кишварҳо дархури манфиатҳои дарозмуҳлати Тоҷикистону Россия мебошад.

Суҳбати телефонӣ дар фазои самимияту эътимод сурат пазируфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: