Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин7-10-2018, 17:00
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
07.10.2018 16:19, шаҳри Душанбе 7 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод. Роҳбари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзаш сидқан табрик намуд. Дар рафти сӯҳбат Сарони ду давлат ҳамчунин роҳҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Россия баррасӣ намуда, атрофи баъзе масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.