Муаллим – сарвару саркори инсон4-10-2017, 09:44
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
Муаллим, омӯзгор вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ў бузургшахсест, ки дар баробари волидони мӯнису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Тавре гуфтаанд: Ҳаққи устод аз падар беш аст, В-аз падар устод дар пеш аст. Дар маркази ноҳияи Деваштич бахшида ба таҷлили Рӯзи омӯзгорон чорабинии калони сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз ҳар як муассисаи таълимии ҳудуди ноҳия ширкат варзида, нисбати худ ва касбу кори пуршарафашон табрикоту таманниёти самимиро қабул намуданд. Хусусан раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода дар баромади худ аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муаззами Тоҷикистони азиз Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва умуман, ба кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд. Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд. Ҳамзамон, баҳри болидахотириву хотирмонии чорабинии омӯзгорон барояшон туҳфаҳои хотиравии раиси ноҳия, шӯъбаи маориф ва кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим гардида, ба ҳамагон табрикоти Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич дастрас гардид ва аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи ҷолиби фарҳангию маърифатӣ намоиш дода шуд. Рухшона Ҷӯраева – корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.