Рӯзи кинои тоҷик дар ноҳияи Деваштич18-10-2017, 08:57
Хабарро хонданд: 337 нафар
Назарҳо: 0
![]() Тибқи нақша-чорабинии Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд баҳри сазовор таҷлил намудани «Соли ҷавонон» аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияву шӯъбаи маориф дар хонаи фарҳанг боз як чорабинии маърифативу фароғатӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба Рӯзи кинои тоҷик бахшида шуда, бо ҷалби наврасону ҷавонони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ва шаҳраки Ғончӣ гузаронида шуд ва дар он филми ҳунарии истеҳсоли «Тоҷикфилм» бо номи «Салом, Гулнора Раҳимовна» намоиш дода шуд. Боиси тазаккур аст, ки филми мазкур соли 1986 ба навор гирифта шуда, муаллифи он Абдураҳим Қудусов мебошад ва дар он ҳаёту фаъолияти омӯзгори мусиқии муассисаи таълимӣ нақшбандӣ гардида, дар хотимаи намоиш аз ҷониби тамошобинони ҷавону наврас нисбати филми мазкур ва ташаббускорони намоиши он изҳори миннатдорӣ баён гардид. Лоиқ Тӯйчиев – корманди Кумитаи иҷияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


