Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конфронси омӯзгорон дар Деваштич

Конфронси омӯзгорон дар Деваштич

28-08-2017, 08:44
Хабарро хонданд: 381 нафар
Назарҳо: 0
Конфронси омӯзгорон дар Деваштич
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат зикр намудаанд, «Дар тарбияи насли оянда ва ба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши омӯзгор ниҳоят бузург мебошад». Ба ин мазмун дар ноҳияи Деваштич конфронси омӯзгорон дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар» баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки таълиму тарбияи насли наврас дар сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат мақоми арзандаро соҳиб аст ва маҳз сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи Пешвои муаззам тоҷиконро ба ҷаҳониён чун мардуми соҳибтамаддун ва куҳанбунёд муаррифӣ кард. Дар ноҳияи Деваштич имрӯз таҳти роҳандозии сиёсати давлат дар соҳаи маориф ва илм 75 муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла 64 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 гимназия, як маркази таҳсилоти иловагӣ, 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ амал карда, 2611 нафар омӯзгорону мураббиён ба таълиму тарбияи 35094 нафар насли наврас машғуланд.
Конфронси омӯзгорон дар Деваштич
Ҳамзамон дар ноҳияи Деваштич танҳо соли ҷорӣ баҳри бой намудани пояи моддӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ як қатор чораҳо андешида шуданд. Чунончӣ:
-сохтмони толори варзишӣ дар назди МТМУ №21-и деҳаи Ҳоҷа Тоҳир, ҷамоати деҳоти Яхтан аз ҳисоби буҷаи вилояти Суғд бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомон оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ давом доранд;
-сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳаи Меҳробод, ҷамоати деҳоти Муҷун бо тариқи ҳашар ва дастгирии аҳли деҳа ва хоҷагӣ ба итмом расонида шуда, дар муддати наздиктарин ба истифода супорида мешавад;
-дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №29-и деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ ва №6-и деҳаи Хоҷаҳо барои 320 нафар хонанда аз ҳисоби мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ сохтмони бинои нав ба охир расонида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд;
-оғози сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 нафар хонанда дар як баст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и деҳаи Гулобод, ҷамоати деҳоти Ғазантарак;
-сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №27-и деҳаи Метк, сохтмони бинои мактаби нав иборат аз 22 синфхона дар назди МТМУ №8-и деҳаи Далёни Боло бо тариқи ҳашар ба охир расонида шуда истодааст;
-дар назди Гимназияи №3 деҳаи Далёни Боло сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 120 хонанда бо тариқи ҳашар соли 2015 оғоз ёфта, алҳол аз ҷониби маблағгузории давлатӣ 107 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ давом доранд. Инчунин дар муассисаҳои таълимии №№24, 22, 30 ва МТТ №1 биноҳои ёрирасон ба монанди ошхона ва ҳезумхона сохта шуданд.

Корҳои ободонию бунёдкоронаи дар боло зикршуда нишонаи он аст, ки давлату Ҳукумат сиёсати хирадмандонаю созандаро роҳандозӣ намуда, мардуми меҳнатқарини ноҳия низ аз чунин сиёсати бунёдгузоронаи Пешвои миллат руҳу илҳоми тоза гирифта, дар татбиқи он саҳми худро гузошта истодаанд, зеро дар қалбу зеҳни кӯдакон ва наврасону ҷавонон тарбия намудани ҳисси инсондӯстӣ ва завқи зебоипарастӣ вазифаи ҷонии ҳар як омӯзгор ва устод ба шумор меравад. Аз ин рӯй, ҳам давлату ҳам ҷомеа нисбати чунин раванди таълиму тарбия бепарво набуда, ҳамагон махсусан омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамчун зиёиёни пешқадами кишвар аз ҳамаи имконоти мавҷуда истифода карда, барои тарбияи фарзандони халқ софдилонаю поквиҷдонона хидмат намоянд.
Дар хотимаи кори конфронси зикршуда, қарори дахлдор қабул гардид ва роҳбарону фаъолони муассисаҳои таълимии ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Сарвар Саидов – НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: