Роҳи дониш24-09-2017, 10:30
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Норак: Бо ибтикори бахши намояндагии ҶҶ «Созандагони ватан» дар толори китобхонаи марказ конференсияи адаби бадеӣ таҳти унвони «То ҷаҳон буд аз сари одам фароз….» бо хонандагон ва аъзоёни Ҷамъияти ҷавонон «Созандагони Ватан» аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳаҳо ва филиали клубҳои ҷамоатҳо доир гардид. Дар чорабинӣ роҳбари бахши намояндагии Ҷамъияти ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Норак С.Зоиров, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шуъбаи маориф, раиси бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, кормандони бахши фарҳанг инчунин кормандони клубу китобхонаҳо иштирок ва суханрони намуданд. Сипас ба сухан ровиён баромада аз ҳаёт ва фаъолияти шоир маълумот доданд. Хонандагон аз ашъори адабии шоирғазалу қасидаҳо қироат намуда, инчунин саҳнача бо номи «қисмати шоир», навозиши таблак ва рақсҳои дилпазир пешкаши бинандагон гардониданд. Дар фарҷом роҳбари бахши намояндагии Ҷамъияти ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳр Сабзалӣ Зоиров аз номи худ ва Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ шаҳри ба хонандагон ва кормандони китобхона изҳори минатдори намуда ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИШ ҲҲДТ С.Зоиров |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.