Аъзои Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара25-05-2017, 09:04
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақшаи Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба Соли ҷавонон ва дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон биҳишти рӯи замин» зиёда аз 100 нафар ҷавонони аъзои фаъоли Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара сафарбар карда шуданд. Оғози сафар аз назди муҷассамаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки мудири шӯъбаи маънавиёт, мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, роҳбари Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр баргузор гардид. Аъзои Ташкилоти Ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо роҳбаладии роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Қӯрғонтеппа Наврӯз Ҳусейнов, ба шаҳри Норак роҳсипор шуданд. Дар шаҳри Норак ҷавононро роҳбари ТҶҶ “Созандагони ватан” дар шаҳри Норак Сабзаалӣ Зоиров ва дигар кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак пешвоз гирифтанд.Инчунин аз Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” шиносоӣ пайдо намуданд. Пас аз шиносоӣ бо шаҳри Норак ҷавонон ба ноҳияи Данғара роњсипор шуданд. Дар даромадгоҳи ноҳия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара аъзои фаъоли Бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-ро хуш пазироӣ намуданд. Ҷавонон аз тамошои “Хуррамшаҳр”-и ноҳияи Данғара, фараҳманд шуданду аз чунин як манзараи зебо руҳу илҳоми тоза гирифта, боз як бори дигар бовариву эътимодашон ба он, ки Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст қавитар гардид. Пас аз анҷоми сафар ҷавонон тассуроташонро баён намуда, ҳамагон изҳор доштанд, ки ба қадри ин Ватан, обу ҳавои хоки он бештар мерасанд ва онро ба ҷону дил ҳифз менамоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.