Бахшида ба соли 2017 эълон гардидани Соли ҷавонон тибқи нақшаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Варзиш» субҳи рӯзи 3 феврали соли равон бо ҷалби ҷавонон аз ташлилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, корхонаю муассисаҳо, аъзоёни бахши ҶҶ «Созандагони Ватан» намояндагии гуруҳи «Ҷавонони ташаббускор» Аксия таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид. Ҷавонон бо меҳри гарму садоқати бепоён бо шиори даъватӣ таҳти мавзӯи «Ҷавонон –нерӯи созанда» ва бо қироати мисраъҳои шеърӣ, ки мазмуни баланди ватандўстона доранд раҳпаймоӣ намуданд.

Дар Аксияи мазкур намояндагии ҷавонон аз ташкилоти ибтидоии ҷизбии НБО-и Норак, Роҳбалад ва гирандагони идрорпулии Президентӣ аз муассисаҳои таълимӣ баромад намуда қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди босуботи ҷомеа ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон кард. Инчунин ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» бахшида ба ин санаи муҳим бо баномаи консертии худ хотири ҷавононро болида гардониданд.
Сабзалӣ Зоиров, Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Комиҷроя