Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷамъбасти мусобиқа оид ба волейбол байни бонувон барои Ҷоми КИ ҲХДТ

Ҷамъбасти мусобиқа оид ба волейбол байни бонувон барои Ҷоми КИ ҲХДТ

19-09-2017, 13:45
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти мусобиқа оид ба волейбол байни бонувон барои Ҷоми КИ ҲХДТ

ИСФАРА. Бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби халқии демократи Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Исфара дар доираи Аксияи ТҶҶ “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон” мусобиқаи варзишии волейбол байни бонувон барои дарёфти Ҷоми кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз 7-12-уми сентябри соли равон баргузор гардид. Дар мусобиқа 8 дастаи волейболбоздухтарон ширкат варзида ба давраи ниҳоии нимфинал дастаҳои беморхонаи маркази шаҳр, коллеҷи тиббӣ, МТМУ №12 ва МТМУ №54 роҳхат гирифтанд. Дастаҳои МТМУ №12 ва МТМУ №54 дар давраи финали қувваозмои намуданд. Дастаи волейболбоздухарони МТМУ №12 соҳиби Ҷоми КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара оид ба волейбол байни бонувон дар доираи Аксияи ТҶҶ “Созандагони Ватан” таҳти унивони “Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон” гардид. Ҳамзамон дастаи МТМУ №54 бо диплом ва медалҳои дараҷаи 2, дастаи беморхонам марказии шаҳр бо дипломи дараҷаи 3 созовор гардиданд, ки дар вазъияти тантанави аз ҷониби муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ахмедов О. ва раиси шӯрои занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Алиматова М. ба онҳо супорида шуд. Инчунин ба бозингарони беҳтарин ва сардовари мусобиқа бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Ҷамъбасти мусобиқа оид ба волейбол байни бонувон барои Ҷоми КИ ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: