Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Варзиш гарави саломатӣ»

«Варзиш гарави саломатӣ»

12-03-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 347 нафар
Назарҳо: 0
«Варзиш гарави саломатӣ»Соли 2016 дар вилояти Суғд ҳамчун соли «Фарди солим» эълон гардида, ба тақвият бахшидану оммавӣ гардонидани варзиш беш аз пеш диққати махсус зоҳир гардида истодааст. Аз ҳамин лиҳоз ҷалби ҷавонон хусусан духтарон ба варзиш зиёд шуда истодааст. Варзиш ба саломатӣ ва ояндаи халқу миллат аҳамияти калон дорад.

Аз қадим халқи тоҷик ба бозиҳои варзишӣ майли зиёд доштанд, ки инро аз зиндагиномаҳои шахсиятҳои таърихӣ ба амсоли Гурдофариду Томирис, Деваштичу Темурмалик пай бурдан мумкин аст. Дар Тоҷикистони азизамон низ занҳои варзишгар ба амсоли Мавзуна Чориева ва Зебунисо Рустамова ҳастанд, ки ливои Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон бардоштаанд.

Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба «Рӯзи модар» байни духтарон якчанд мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили бозиҳои шоҳмот ва шашка дар муассисаҳои таълимӣ, тенниси рӯи миз дар муассисаи наврасону ҷавонони ноҳия ва волейбол дар толори варзишии деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич гузаронида шуданд.

Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Варзишгар» ва дар доираи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мактаби варзишии наврасону ҷавонони ноҳия мусобиқаи тенниси рӯйи миз гузаронида шуд, ки дар он ҳам хонандагони муассисаҳо ва ҳам хатмкардагон иштирок намуданд. Мусобиқа хеле шавқовар гузашта, дар натиҷаи рақобати духтарони теннисбоз ҷои аввал насиби Акрамова Мағфират, ҷои дуюм Ҳайдарова Умеда ва ҷои сеюм насиби Комилова Шаҳноза гардид

Дар деҳаи Истиқлол бошад мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол байни варзишгардухтарони 7 муассисаҳои таълимии ноҳия: Гимназияи №1, муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№1, 13, 17, 20, 23 ва 53 баргузор гардид. Ин дастаҳои фаъоле, ки дар мусобиқаҳои қаблии волейболбозон ғолибият ба даст оварда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд. Дар ин давраи мусобиқа низ бозингарон тамоми маҳорат ва ҳаракати худро нишон доданд.

Дар ҷамъбаст дастаи варзишгардухтарони МТМУ №13 сазовори ҷои 3-юм, МТМУ №23 сазовори ҷои 2-юм ва дастаи сермаҳорати МТМУ №20 ғолиби мусобиқа гардиданд. Ғолибон бо медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: