Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДӢ

ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДӢ

5-10-2016, 16:17
Хабарро хонданд: 443 нафар
Назарҳо: 0
ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДӢ

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи шаҳри Исфара бо иқдоми шӯъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди варзишии санъати муҳорибаи омехта (ММА) байни наврасон ва ҷавонон доир гардид. Дар ин мусобиқоти бонуфуз варзишгарон аз гӯшаву канори кишвар ҷамъ омада, ҳунар ва маҳорати ҷисмонии худро нишон доданд. Боиси хушнудист, ки донишҷӯи курси 2, факултаи муҳандисӣ-иқтисодии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Рашидов Хуршед дар ин мусобиқа хуб баромад намуда, соҳиби ҷойи аввал ва Ифтихорнома гардид. Медал ва ифтихорномаро дар вазъияти тантанавӣ раиси Федератсия санъати муҳорибаи омехтаи (ММА) Тоҷикистон Назаров Пӯлодҷон ба ӯ супорид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: