Ҷамъбасти аксияи «Сулҳ ба ҳама» дар шаҳри Конибодом25-11-2015, 12:22
Хабарро хонданд: 443 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо мақсади ташаккули фарҳанги ватандории шаҳрвандон, баланд бардоштани тарбияи ифтихори ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон, сазовор таҷлил намудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали намудани Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 2015 аксия таҳти унвони «Сулҳ ба ҳама» баргузор гардид. Дар чорабини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонов А.Т, Муовини раиси шаҳр Ашӯрматова З., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Ҷалилов А ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонон иштирок доштанд. Раиси КИ ҲХДТ Бобоҷонов А.Т ҳозиринро табрику таҳният намуд ва ҲХДТ –ро ҳамчун нерӯи пешбаранда ва пешоҳанги ҷомеаи навин таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» суханронӣ намуд. Дар аксияи «Сулҳ ба ҳама» расму буклетҳо ва даъвати ТҶҶ «Созандагони Ватан» паҳн карда шуда, ба якчанд нафар ҷавонони фаъол шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Дар охир барномаи консерти бо иштироки сарояндагони шуъбаи фарҳанг ва санъаткорони ҷавони умедбахш дар васфи Ватан, Парчам, Ваҳдат, Сулҳ, Дӯстӣ ва Ободӣ, бо суруду таронаҳои дилангези худ, хотири иштирокдоронро шод намуданд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.