
Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур аксия таҳти унвони «Мо ҳомиёни Ватанем» эълон намуда, дар ин замина бо мақсади мусоидат дар муташаккилона доир гаштани маъракаи даъвати тирамоҳии сарбозон ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар мувофиқа бо сардорони қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди шаҳру ноҳия воқеъбуда ва дар ҳамоҳангӣ бо шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, санаи 11 ноябри соли 2015 бо фарогирии зиёда аз 50 нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№21,20 ва №31 боздиди ҷавонон аз қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар рафти дидорбинӣ ҷавонон аз шарту шароити қисми ҳарбӣ, сатҳи зиндагонии сарбозону афсарон дар қисми ҳарбӣ боздид намуданд.
Ҳамзамон дар рафти боздид маҳорати ҷангии сарбозон ба ҷавонон намоиш дода шуд, ки онро ҷавонон бо як дилгармии хосса ва умед ба фардои орому осудаи ҷомеаи Тоҷикистон қабул намуданд.