Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДУ ТАКОМУЛИ МАЪНАВИЁТИ ҶАВОНОН

НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДУ ТАКОМУЛИ МАЪНАВИЁТИ ҶАВОНОН

6-09-2017, 12:00
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ  ДАР РУШДУ ТАКОМУЛИ МАЪНАВИЁТИ ҶАВОНОН
Мусаллам аст, ки ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шудаанд. Албатта, имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст. Ин аст ки, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро ҳамчун неруи тавонои созанда ва пешбарандаи соҳаҳои муҳими ҳаёти мамлакат эътироф намуда, дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба кору таҳсил ва фаъолияти пурсамари онҳо тамоми чораҳои заруриро пеша кардааст. Бо дарки аҳамияти масоили зикргардида, Ҳукумати мамлакат пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва рушди ояндаи онро ба иштироки фаъолу саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад.
Бо дарназардошти неруи созандаву ворисони оянда будани ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавонони кишвар мулоқот намуда, пас аз он Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расонид. Мутобиқи ин Фармон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997 дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки фаъолияташро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба роҳ монд.
Дар ин росто, ҳанӯз 21 майи соли 2005 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар изҳор карда буданд: «Шумо- ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузургро бар дӯш доред».
Асри ХХI, ки давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи ақли инсонӣ мебошад, ба неруи офарандаву созандаи ҷавонони эҷодкор, ҷӯянда ва навовар аз ҳар вақти дигар бештар ниёз дорад. Маҳз ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод метавонанд хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд. Дар марҳалаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳавасмандгардонии онҳо стипендияи байналмилалии Президентӣ - «Дурахшандагон», афзун гардидани Квотаи президентӣ барои таҳсил, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба сохторҳои давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст. Ҳамзамон, тавре дар Паёми солона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, то замони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард ва ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавони лаёқатманд аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунад. Мутобиқи таҳлилҳои коршиносону мутахассисони соҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони синни то 30 - сола ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ҷиҳати татбиқи самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд. Дар ҷавоби чунин иқдомҳои арзишманд ҷавонони саодатманди моро мебояд, арзишҳои таърихии сабақи истиқлолиятро ҳаматарафа аз худ намуда, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир пайваста огоҳ бошанд ва таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хешро дурусту моҳиятан аз худ намоянд.
Тавре аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ, 5 январи соли 2017 бармеояд, “фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар кадоми моро доир ба ҳалли масоили ҷавонон дар бар мегирад, ки ин ҷавҳар сиёсати “Рӯй овардан ба ҷавонон” мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ба ҷавонон ҳамчун неруи ояндасоз такя намуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи худ ба таври густурда ва самаранок истифода мебарад. Пешбурди корҳои ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистони азиз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки аъзои ҳизб ботадриҷ афзуда, шумораи Кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 дар пойтахт 96 адад зиёд гардида, теъдоди умумии онҳо 709 ададро ташкил дода, дар давраи солҳои 2015 - 2017 26923 нафар ба сафи ҳизб қабул гардида, айни ҳол шумораи умумии аъзои ҳизб дар шаҳри Душанбе ба 60 ҳазору 828 нафар расонида шуд. Аз ин миқдор, 27143 нафар занон ва 25601 нафар ҷавонон мебошанд.
Илова бар ин, эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон дар саҳафоти Қомуси даврони соҳибистиқлолии қишри ҷомеа бо ҷилои тобону хатти заррин сабт шуда, таъриху сарнавишти онҳо чун таваҷҷуҳи хоса ва рамзи эътибору эътиқоди Сарвари мамлакат боқӣ хоҳад монд.
Ин амали хайр на танҳо дастгирӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар такя бо неруи тавоною офарандаи онҳо, балки барои дар масири давлатдорию давлатсозӣ ва рушди ҳадафмандонаи кишвар ширкати фаъолона доштани ҷавонон роҳандозӣ гардидааст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар марҳилаи сипаригардидаи таърихӣ рисолати хешро ба сифати сохтори ҳизби пешбарандаи ҳокимияти сиёсӣ яке аз таблиғгари асосии идеологияи давлатӣ ва созандаю бунёдкор аз ҳарвақта дида бештару амиқтар дарк менамояд. Барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон, ҳамзамон таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҳошияи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи пойтахт зиёда аз 16 мусобиқаи варзишию фарҳангӣ, аз қабили футбол, волейбол, сайри ҷавонон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон, фестивал - озмуни намоиши либосҳои миллӣ байни ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, конференсияи илмӣ - амалӣ ва мизи мудаввар бо иштироки 150 нафар ҷавонон аз донишгоҳу донишкадаҳои олии ҳудуди шаҳри Душанбе доир намуд. Ҳамзамон, бо мақсади густариши дӯстии ҷавонон моҳи апрели соли ҷорӣ зиёда аз 160 нафар ҷавонон - аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз китобхонаю осорхонаи миллӣ, боғи “Ирам”-и пойтахт ва мавзеъҳои таърихии кишвар дидан намуданд. То имрӯз бахшида ба Соли ҷавонон аз ҷониби сохторҳои ҳизбии шаҳри Душанбе ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” зиёда аз 300 чорабинии гуногуни фарҳангию маърифатӣ ва варзишӣ гузаронида шуд.
Воқеан ҳам, пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар ба шумор меравад, зеро гузашти марҳилаҳои таърихӣ дар ҳама давру замон собит менамояд, ки ҷавонон татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошанд. Аз ин рӯ, самимона дӯст доштани Ватан ва ҳифз намудани манфиатҳои миллии он бояд дар қалби ҳар як ҷавони боғайрату далер бошад. Бо таваҷчуҳ ба амалисозии омилҳои зикргардида - дарки моҳияти арзишманди ин санаи муҳими таърихии миллати тоҷик ва таҷлили Соли ҷавонон барои ҳар як сокини сарбаланди диёр, пеш аз ҳама саодату сарбаландӣ, зиндагии осоишта ва ваҳдати пойдор оварад.
Бигузор, Истиқлолиятат поянда ва умрат ҷовидон бод, Тоҷикистони азиз!
Зоир Раҳмонзода,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: