Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мо ҷавонони шоистаи ҷамъият мебошем

Мо ҷавонони шоистаи ҷамъият мебошем

25-01-2017, 09:53
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
Мо ҷавонони шоистаи ҷамъият мебошем
Дар сиёсати Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эҳтиром ва ғамхорӣ нисбати насли наврас мавқеи хосаро доро аст ва маҳз ҳамин таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон буд, ки соли 1997 барои инкишоф ва пешравии маънавиёти ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.
Ин қадршиносӣ далолат бар он аст, ки дар ҷомеаи имрӯза мақоми ҷавонон рӯз аз рӯз боло рафта, нигоҳи Давлату Ҳукумат ба ин қувваи пешбарандаи ҷомеа, ҳамчун такягоҳи бузург афзун мегардад Чуноне, ки Пешвои миллати мо дар ҳар суханрониашон зикр мекунанд: «Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст», ҳар як ҷавони бонангу ори Ватан бояд бо такя ба чунин боварии Пешвои хеш барои шукуфоии кишвари худ саҳми назаррас гузошта тавонад.
Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон иқдоми дигари мақоми олии сиёсии мамлакат ст. Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳор доштанд, ки таъсиси Шӯрои мазкур таҳти раёсати Президенти мамлакат ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад. Мавриди зикр аст, ки зери роҳбарии Сарвари давлат Шӯрои миллии кор бо ҷавонон нишонаи боварӣ ва эътимод буда, ба ҷавонони саодатманди кишвар имкон медиҳад, ки пешниҳодоту дастовардҳои онҳо дастгирӣ ёбаду мушкилотҳои дар ҳаёт доштаи онҳо саривақт баррасӣ гардад. Ба ин хотир, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дар назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.
Мо ҷавонони шоистаи ҷамъият мебошем
Бахшида ба Соли ҷавонон дар доираи нақша -чорабиниҳо дар ноҳияи Деваштич тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд. Бо ҳамин мақсад дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бахшида ба Соли ҷавонон вохӯрии Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод бо ҷавонон баргузор гардид.
Аз номи ҷавонон Дилфуза Ағолиқова, Зилола Зиёева ҳамшираи КАТС-и ноҳия, Ҳасанбойи Ёқубзода варзишгар, Олимҷон Саидов афсари аз хизмати ҳарбӣ баргашта, Шаҳзода Шарипова, Райҳона Акрамова, Рамиз Холов гирандагони идрори Президентӣ ва идрори Раиси ноҳия баромад намуда, миннатдории самими кулли ҷавононро барои дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия изҳор намуданд.
Имрӯз дар ноҳия 23 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз идрори Раиси ноҳия, ҳамчунин 4 нафар хонадагони лаёқатманди муассисаҳои таълимӣ Рамиз Холов, Шаҳэода Шаропова, Аёнбеки Аслиддин, Мадина Улмасова гирандаи идрори Президентӣ мебошанд.
Сафи ҷавонони эҷодкор низ афзуда 7 нафари онҳо иштирокчиёни курс-конференсияи адибони ҷавони ҷумҳурӣ мебошанд.
Дар соли 2016 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, соҳиби 94 медал аз ҷумла, 23 медали тилло, 27 медали нуқра ва 44 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Мо ҷавонони шоистаи ҷамъият мебошем
Дар ноҳия 5 нафар ҷавонон дар вазифаҳои роҳбари кору фаъолият менамоянд. Имрӯз дар ноҳия ҷавонон дар соҳаи маориф 1109 нафар аз ҷумла 528 нафар бонувони ҷавон, тандурустӣ 286 нафар ҷавонон ва дар дигар соҳаҳо машғули кор буда, барои рушди ноҳия саҳми назаррас гузошта истодаанд. Айни замон аз ноҳия дар кишварҳои хориҷа зиёда аз 200 нафар дар ихтисосҳои гунонуг таҳсили илм менамоянд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки беш аз 500 нафар ҷавонони ноҳия дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ қарзи шаҳрвандиро ба ҷо меоранд ва аксарияташон аълочиёни хизмати ҳарбӣ мебошанд, ки ин боиси ифтихори сокинони ноҳияи Деваштич мебошад.
Баъд аз анҷоми чорабинӣ мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич Бунафша Қутбиддинова ва гирандагони идрори Президентӣ ва Раиси ноҳия ба аёдати ҷавонони маъюб ва имконияташон маҳдуд рафтанд.

Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти КИН ҲХТД дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: