ХУНИ ОДАМӢ ОБ НЕ30-08-2017, 14:48
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
Шоми 8-уми августи соли равон мардуми кишвар имкон ёфтанд, ки аз тариқи шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” гузориши Вазорати корҳои дохилиро дар бораи фаъолияти гурӯҳи ҷиноятпеша бо роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиа А. Назаров мутахаллис ба Ҳоҷӣ Ҳалим бинанд. Ин барнома шабеҳи таркиш гардид дар афкори ҷомеа, аммо таркише, ки одамонро на ин ки ба изтироб наовард, балки хотири мардумро ҳатто ҷамъ кард. Ҳамагон ба волоияти қонун дар мамлакат ва он ки ҳама гуна ҷиноят, ҳар қадар пардапӯшона ва дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда амалӣ гашта бошад ҳам, дер ё зуд ошкор мешаваду ҷинояткорони нобакор ҷазои сазовор мегиранд, итминони комил ҳосил карданд. Ҳамзамон гузориши ВКД ҳушдор буд, ҳушдор аз он, ки дар сурати халалдор шудани сулҳу субот афроди бадкирдору хоин метавонанд ба даст яроқ гирифта, ҷиноятҳои вазнин содир намоянд, хуни ноҳақ резанд. Гурӯҳи ҷинояткори Ҳоҷӣ Ҳалим аз талотуми ҷанги шаҳрвандӣ, ки худ аз саркардагони он буд, истифода бурда, даҳҳо фарзандони фарзонаи миллатро ноҷавонмардона ба қатл расонид. Гузориши ВКД ба ман ҳам сахт асар кард, зиёда аз ин, дар хотираи ман як воқеаро барангехт, воқеаи ҳузновареро, ки хайрият дар гузашта монд. Охири соли 1993 вакили парлумон, доктори фанҳои таърих, профессор Моёншо Назаршоев муовини сарвазир таъйин гардид. Он вақт ман ёвари ӯ будам. М. Назаршоев шахси ниҳоят меҳнатдӯст ва серталаб буд, мегуфт, ки Роҳбари давлат ба ман бовар карданд, ман бояд бовари он касро ба ҷо орам. Шоми 10-уми марти соли 1994, тақрибан соати ҳаштуним ман аз рӯи одат муаллимро то мошини хизматиаш гусел кардам. Субҳи дигар хабари шуми куштори ӯ дар ҳавлиаш расид. Дар сӯги Моёншо Назаршоев ман бо номи “Рӯ ба баландӣ” мақолае навиштам, ки баъд аз як ҳафтаи фавти муаллим дар “Народная газета” чоп шуд. Ин ҷо овардани онро бамаврид мешуморам. “Дар зери пардаи торикӣ аз тири паси девор риштаи умри Моёншо Назаршоев канда гардид. Ӯро ба ҳамон зайли бешафқатона куштанд, ки ҳамсафонаш Муҳаммад Осимӣ, Муродулло Шерализода, Нурулло Ҳувайдуллоев ва дигаронро чунин аз ҳаёт маҳрум сохта буданд. Баъд аз бист соли барканорӣ аз арсаи сиёсати калон ӯ дар худ нерую ҷасорат пайдо кард, то аз нав ба он гом ниҳад. Ӯ ба корпуси вакилони мардумӣ дар яке аз давраҳои ниҳоят мураккаб, ки халқи тоҷик аз сар мегузаронид, ворид гардид. Ва ӯ, бешак хуб мефаҳмид, ки чи масъулияти бузургеро дар назди халқ, дар назди наслҳои оянда ба уҳда гирифтааст. Дар миёни аъзои ҳукумат М. Назаршоев чи аз ҷиҳати синну сол, чи аз ҷиҳати таҷриба аз дигарон бартарӣ дошт. Эҳтимол барои ҳамин ҳама ба ӯ “муаллим” гуфта муроҷиат мекарданд. Дар лаҳзаҳои душвор ба суханаш гӯш медоданд. Профессор М. Назаршоев дар рушди соҳаи маориф, илм ва фарҳанг саҳми назаррас гузошт. Ӯ шахси қоматбаланд, нуронӣ ва пуртаҳаррук буд, бо вусъати андеша фарқ мекард ва ниятҳояшро низ ҳамин гуна дар доираи фарох бо кордонӣ татбиқ месохт. Ӯ бо тамоми зиндагии озодааш, хизмати содиқонааш ба Ватан, истеъдоди Худододи воизиаш фарзанди дигари шуҳратёри Бадахшон – Шириншо Шотемурро ба ёд меовард. Профессор М. Назаршоев садди роҳи кӣ шуда буд? Чаро террористон маҳз ӯро интихоб намуданд, чаро пеш аз рост кардани мили автомат ҷониби вай боре фикр накарданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳатто душманони оштинопазир кинаю адоватро аз дилҳо дур месозанду гуноҳи ҳамдигарро мебахшанд? Оё ин ҳодиса дар арафаи вохӯрии роҳбарони Ҳукумати қонунии Тоҷикистон, ки роҳи сулҳу оштиро пеш гирифтаанд, бо намояндагони оппозитсия тасодуфӣ аст? Ҳар касе, ки Моёншо Назаршоевро мешинохт, ин суханонро дилпурона тасдиқ мекунад: ӯ рақибони ғоявӣ дошт, аммо душманони шахсӣ на. Разилоне, ки риштаи ҳаёти ӯро дар авҷи камолоти ҷисмонию ақлонию сиёсӣ канданд, фақат як ҳадафи нопок доштанд: дар миёни мардумони минтақаҳои гуногун тухми нифоқ ва ҳамдигарбадбинӣ коштан, ҷой кардани биму ҳарос дар дили ходимони сиёсие, ки имрӯз дар сари чамбари киштии давлати соҳибистиқлоли тоҷик истодаанд. Оё он кӯрдилон ба қасди нопоки худ муваффақ шуданд? Ҳаргиз! Амалиёти террористии онҳо нишонаи шикаст ва заифии сиёсии онҳост. Халқ ҳеҷ гоҳ марги Моёншо Назаршоев ва дигар фарзандони барӯманди худро намебахшад. Дар он дунё ҳам ба онҳо бахшоиш нест. Дар вазифаи муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Назаршоев ҳамаги 39 рӯз фаъолият кард. Аммо дар ҳамин муддати кӯтоҳ низ корҳое зиёдеро анҷом дод: бо одамон мулоқот менамуд, машваратҳо доир месохт. Милисаҳои дарбони бинои ҳукумат метавонанд тасдиқ кунанд: ӯ аз ҳама барвақт ба кор меомаду аз ҳама дер мерафт. Ман ӯро ду соат пеш аз марги фоҷиавиаш дида будам. Табъи муаллим хуш буд, дар бораи нақшаҳои ояндааш ҳарф мезад. Ҳайҳот, онҳо дигар амалӣ намешаванд. Аммо ҳадафи асосие, ки вай умрашро сарфи он кард, ҳатман, бегуфтугӯ амалӣ мегардад: Тоҷикистони соҳибистиқлол дар радифи давлатҳои мутараққии демократии ҷаҳон қарор хоҳад гирифт. Дар назди хонаи Моёншо Назаршоев раддаи дарахтони сафедор қад кашидааст. Ҳангоми навниҳол будани ин дарахтон ӯ онҳоро аз Бадахшон оварда, бо дастони худ шинонда буд. Онҳо мағруру мавзунқоматанд, рӯ ба баландӣ, ба хуршед истоданд. Моёншо Назаршоев худ низ дар зиндагӣ ҳамин хел буд: сарбаланд, ҳамеша рӯ ба некию покию нур”. Марги фоҷиавии М. Назаршоев фақат як мисолест аз силсилакушторҳо дар он замони пуртаҳлукаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ. Пасопеш аълами замон, академик Муҳаммад Осимӣ, табибони ҳозиқ, профессорон Минҳоҷ Ғуломов ва Юсуфхон Исҳоқӣ, сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Муродулло Шерализода, мушовири давлатии Президенти кишвар Карим Юлдошев, рӯзноманигори шинохта Отахон Латифӣ, прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, собиқ раиси Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев, барандаи ҷоизаи ленинӣ, собиқ вазири обёрӣ ва роҳбари вилояти Қӯрғонтеппа Абдукарим Қосимов, адибони хушзавқ Сайф Раҳимзод, Қулмуҳаммади Абдулҳусейн, Пиримқул Сатторӣ, Махсум Олим, рӯзноманигорон Муҳиддин Олимпур, Почохон Сайфиддин, Олимҷон Ёрасенов ва дигарон тирборон карда шуданд. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимови солхӯрдаро, ки дар муҳорибаҳо бо фашистон ҷон ба саломат бурда буд, бераҳмона ба қатл расонданд. Аксари ин одамон ифтихори миллат буданд, шуҳрати Тоҷикистонро ба ақсои олам бароварданд. Магар куштори бераҳмонаи онҳоро халқ фаромӯш мекунад? Ҳеҷ гоҳ. Ба ғайр аз онҳо даҳҳо ҳазор нафарони дигар шаҳид шуданд, ки шояд чандон номвар набуданд, вале онҳо низ ҷон доштанд, аз зиндагӣ умед доштанд. Чӣ қадар ҷавонони навхат қурбони ин ҷанги офатбор шуданд, ки аз сад гулашон як гулашон нашукуфта буд. Чи қадар кӯдакон ятиму чи қадар занон бева монданд. Қотилон бар ивази чор танга дар шакли коғазҳои сабз, ки хоҷагони хориҷиашон чун устухон бар саг мепартофтанд, ба ҷони одамони бегуноҳ зомин шуданд. Ёдам ҳаст, ҳар гоҳ хабари ягон ҳодисаи террористӣ паҳн шавад, одамон бо изтироб аз якдигар мепурсиданд: ин қотилон кӣ бошанд, дар паси онҳо кӣ меистад, онҳо бо дастури кӣ беҳтарин фарзандони миллатро аз байн мебаранд? Дар он давраи муташанниҷ чунин саволҳо аксаран беҷавоб мемонданд. Вале имрӯз ҳамааш аён гардид. Барангезандагони ҷанги шаҳрвандӣ ва қотилон роҳбарону аъзои зархариди Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва хоҷагони аҷнабии онҳо мебошанд. Маблағгузорону тарроҳони амалиёти террористӣ ҳам маълуманд. Дар гузориши ВКД дар ин хусус далелҳои раднопазир оварда шуд. Офтобро бо доман пӯшида намешавад. Акнун ба ҳама чун рӯз равшан аст: кӣ кист? Кӣ тахрибкору кӣ ободгар аст, ки ватанфурӯшу кӣ ватанпараст аст, кӣ ағёр асту кӣ ёр. Бинобар ин вақте ки Прокуратураи генералӣ фаъолияти ҲНИТ-ро дар қаламрави кишвар ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ мамнӯъ эълон кард, аксари кулли мардум ин иқдомро ба хушнудӣ пазируфтанд. Ин ҳизб метавонист чун аҳзоби дигар, амсоли Ҳизби халқии демократӣ ва ғайра дар атрофи Ҳукумати кишвар муттаҳид гардида, дар доираи қонунгузорӣ фаъолият барад ва дар ҳалли мушкилот мусоидат намояд. Аммо роҳбарони ҲНИТ роҳи дигарро пеш гирифтанд, ғояҳои носолими шӯрангезро паҳн мекарданд, ҳатто ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ роҳнамоӣ намуданд. Аммо онҳо ба ин ҳадафи нопок нарасиданд. Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст, чу баҳр Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад. Ҳоло бошад роҳбари фирорнамудаи ҲНИТ М. Кабирӣ дар хориҷа дар паноҳи хоҷагони худ қарор дораду ба ҳар роҳ мехоҳад Ҳукумати Тоҷикистонро бадном намояд, кулӯхандозӣ мекунад, гӯиё ҷурмҳои ҷомеаи моро “фош” месозаду роҳи наҷоти кишварро нишон медиҳад. Ҳанӯз дар асри XI шоири бузурги гурҷӣ Шота Руставели гуфта буд: Аз дуриҳо карда назар бар корзор, Чӣ осон аст, худро пиндоштан сипаҳсолор. Сипаҳсолори ҳақиқӣ, ягона ва маҳбуби халқи мо Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, Президенти аз ҷонби кулли мардум интихобшудаи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба мо дигар ҳеҷ гуна сипаҳсолори дурӯғин лозим нест. Халқ ба суханони иғвогаронаи сиёсатмадороне мисли М. Кабирӣ дигар фирефта намешавад, баръакс сахт маҳкум мекунад. Ба ин ҳамоишҳои ҷавонон, ҷавононе, ки дар даврони истиқлолият таваллуд шудаву ба воя расидаанд, гувоҳанд. Онҳо ба Президенти худ содиқанд. Қудрати Роҳбари давлати мо дар он аст, ки он кас бо халқанду халқ бо он кас аст ва дар атрофи Пешвои чун кӯҳ мазбути худ муттаҳид мебошад. Он касро касе не, худи халқ Қаҳрамони Тоҷикистон эълон кард, бар ивази хидматҳои бузурги таърихӣ дар назди Ватан ва миллат. Рассоми шинохтаи охири асри 19 ва аввали асри 20-уми рус В. Верешагин расме дорад бо номи “Оқибати ҷанг”, ки дар нигористони машҳури Третяков маҳфуз аст. Дар он як теппаи даҳшатноке аз косахонаҳои сари одамон, ки дар аксарашон изи тир ҳувайдост ва болояшон зоғҳои сиёҳи бадмур парвоз доранд, тасвир ёфтааст. Ин амал эътирози рассом ба ҳама гуна ҷангу зӯроварист. Мегӯянд, ки Верешагин ин асари худро дар асоси ривоятҳо дар бораи Темурланг офаридааст. Темурланге, ки аз косахонаҳои сари одамон калламанора месохт. Фикр мекунам, ки агар қувваҳои солими ҷомеа бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзро намегирифтанд, Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат раҳоӣ намеёфту аз харитаи сиёсии ҷаҳон гум мешуд ва ба ҷои он калламанораҳои фарзандони тоҷик пайдо мешуданд. Калламанораҳои одамоне, ки аз дасти чунин касифон ба мисли Ҳоҷӣ Ҳалим ва пайравони ҷинояткори ӯ кушта гардиданд. Бисёр адибони тоҷик, чун дигар зиёиёни эҷодкор дар асарҳои худ ҷанг, терроризм ва экстремизми диниро маҳкум намуданд. Романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад “Гирдбод” ба ин мисоли хуб шуда метавонад. Хулосаи асар чунин аст: ҷанг шабеҳи гирдбод аст, вале онро пешгирӣ кардан мумкин, ба шарте, ки мардум муттаҳид бошанду сулҳу суботро чун неъмати бебаҳою гарави зиндагии осуда ва ояндаи неки фарзандон ҳифз намоянд. Бешак, ин ғоя аз фаъолияти ҳамарӯзаи доманадори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз дастур ва ҳидоятҳои эшон сарчашма мегирад. Нависандаи машҳури украин Михайло Стелмах романе дорад бо номи “Хуни одамӣ об не”. Он хеле барвақт навишта шудааст, ҳодисаҳое, ки дар он тасвир шудаанд, дар дигар замон рӯй додаанд. Вале ба фикри мо номи ин асар ба гузориши ВКД оид ба фаъолияти гурӯҳҳои террористии дастпарвари ҲНИТ хеле мувофиқ аст: “Хуни одамӣ об не”. Мансур Сайфиддин,
сармуҳаррири ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.