Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Барои иҷрои бандҳои Паёми Пешвои миллат ташаббускор бояд буд

Барои иҷрои бандҳои Паёми Пешвои миллат ташаббускор бояд буд

4-01-2017, 15:10
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Барои иҷрои бандҳои Паёми Пешвои миллат ташаббускор бояд буд

/АМИТ Ховар/. Бо ибтикори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМБК дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо соҳибкорони ватанӣ мулоқот баргузор гардид. Иштирокдорони мулоқот доир ба бандҳои мушаххаси Паём, ки ба рушди риштаҳои соҳибкорию сайёҳӣ бахшида шудаанд, ибрози андеша намуданд. Яке аз соҳибкорони муваффақи вилоят Набот Додихудоева гуфт, ки сол аз сол барои пешрафти бахши хусусӣ дар кишвар шароити беҳтар фароҳам оварда мешавад. «Ҳукумати ҷумҳурӣ талош меварзад, то ҳарчи бештар соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд намуда, ҳам бозори дохилиро аз маҳсулоти худӣ таъмин намоянд ва ҳам ҷойҳои кориро барои сокинони кишвар муҳайё созанд. Имрӯз дар бозори шаҳри Хоруғ баъзе аз маводи ғизоӣ, бо шумули гӯшту тухми мурғ, шир ва амсоли инҳоро аз пойтахти кишвар ва ё аз давлатҳои ҳамсоя интиқол медиҳанд, дар ҳоле ки тавлиди ин гуна маҳсулот кори заҳматталаб нест. Фақат каме ҷуръат ва ташаббус зарур аст. Солҳои қаблӣ бисёре аз соҳибкорону тоҷирон аз санҷишҳои пайвастаи ниҳодҳои назоратӣ хаста шуда, аз шуғлашон даст мекашиданд. Аммо бо дастури Президенти кишвар ин монеаҳо сол аз сол камтар ба назар мерасанд»,-иброз дошт Н. Додихудоева.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат ба мақсади пешрафти устувор ва бонизоми ин соҳа бори дигар ба вазорату кумитаҳои марбута супориш дод, ки масъалаи мазкурро ҳаматарафа таҳлил карда, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба кам кардани санҷишҳо ва боз ҳам шаффофу содда гардонидани онҳо ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Иштирокдорони мулоқот ҳамчунин оид ба роҳҳои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ба вуҷуд овардани инфрасохтори муосир ва аз ҳар ҷиҳат ҷолиб мубодилаи афкор намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: