Муроҷиатномаи собиқ аъзоёни бахши ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд ба Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон!17-09-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 499 нафар
Назарҳо: 0
Мо, собиқ аъзоёни Бахши ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд аз ҳодисаи фоҷеъабори 4-уми сентябри соли ҷорӣ ҳамчун як узви ҷоме бетараф буда наметавонем. Ин ҳодисаву воқеаҳо моро ба ташвиш оварда истодааст, мо ин оромӣ ва ин тинҷию амониро аз даст доданӣ нестем ва бетараф буда ҳам наметавонем. Мо ҳамеша мекӯшем, ки бо меҳнати софдилона, дасту дили пок ба Ватанамон – Тоҷикистони азиз хизмат намоем ва Ватанамонро ободу зебо гардонида, иқтисодиёти ҷумҳуриро баланд бардорем.
Мо, ки аъзои ҲНИТ будем, аз рафтору кирдори роҳбарони болоии ҲНИТ, ки доимо бо роҳбарони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо даст бо гиребон буданд, баҳри тинҷиву оромӣ, ваҳдати миллӣ, пойдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сафи ин ҳизб баромадем, дидем, ки ин ҳизб ғайр аз иғвогарӣ, сиёҳкорӣ, тафриқаандозӣ, ҷудоиандозии миллат, паст задани миллат дар хориҷи кишвар, обрӯ ва нуфузи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро резонидан дигар коре надоранд. Роҳбарони ин ҳизб, ки аз солҳои 90-ум нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рақобату бадбинии пинҳонӣ доштад, баъди ба расмият даровардани ҲНИТ муборизаро дар дохили ҷумҳурӣ рӯйрост ба роҳ монданд. Дини мубини исломро сармашқи кори худ намуда, бо ҳомиёни хориҷии худ ва командиру зархаридҳои дохилии кишварамон баҳри иҷрои ҳадафҳои хоҷагони хориҷии худ лаҳзаҳои мувофиқ меҷӯстанд. Оқибат ба ин ҳадафи нопоки худ расидан мехостанд, ки тири онҳо хок хӯрд. Муҳиддин Кабирӣ доимо дар ҳар вохӯрӣ, маҷлису конференсияҳо таъкид бар он доштанд, “таҳаммул кунед, сабр кунед” як вақти мувофиқеро меҷӯстанд, яъне фармон аз хориҷи кишварро интизорӣ мекашиданд. Баҳри ба ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷияшон расидан, ки доимо маблағгузориашон менамуданд, онҳо ба ҳама кор қодир буданд, ба ҳар роҳу восита шахсони доро, бою давлатманд, роҳбарони болоии Ҳукумат, органҳои қудратӣ ва роҳбарони ҳомиёни кишварро мехостанд ба ҳар роҳе, ки бошад, ба даст биёранд. Барои ҳамин “сабр ва таҳаммул кунед” мегуфтанд. Ҳодисаи 4-уми сентябр ин нақшаи ҲНИТ ва хоҷагони хориҷии онҳост. Ба Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳаммаслакони ӯ чӣ намерасид, ки даст ба террор заданд, зидди Ҳукумати қонунӣ баромаданд. Муҳиддин Кабирӣ агар ватандӯсти асил мебуд, миллати худро сидқан дӯст медошт, чаро ватанро тарк карда, ба Туркия ва дигар мамлакатҳо рафта, бо бегонагон ҳамсуҳбат шуда, маҷлисҳои ҳизбии хешро дар он ҷоҳо мегузаронад. Агар дилаш сиёҳ набошад, агар бегуноҳ бошад, чаро ба хориҷа рафта, оиди Тоҷикистон масъалагузорӣ менамояд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳурии солҳои 90-ум нест, дар ҷумҳурӣ ватандӯсони содиқ бисёранд. Онҳо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун гаҳвараки чашм муҳофизат менамоянд. Ҳеҷ қудрате, ҳеҷ қуввае ҷумҳурии моро шикаста наметавонад. Миллати тоҷик тоҷдор буд тоҷдор мемонад. Тоҷикистон фарзандони баору номусу ҷонфидое тарбия кардааст, ки бар ҳифзи Ватану миллат содиқанд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷикро ҳеҷ нерӯе шикаста натавонист. Араб ва чингиз забони тоҷикӣ ва миллати моро мехостанд нобуд созанд, аммо миллати бо нангу номус тавонист забон ва марзу буми худро муҳофизат кунад. Ҳар як сокини ҷумҳурӣ аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон як хулосаи даркорие барорад. Имрӯзҳо дар баъзе аз кишварҳои мусулмоннишин байни мусулмонон низоъу тафриқа башиддат давом дорад, ҳатто бархе аз ин гурӯҳҳо аз номи Ислом мардумро ба ноамниву хорӣ расондаанд, ки ҳадафи аслиашон манфиатҷӯӣ ва гурӯҳбозиҳост ва онҳо таъсири худро дар Ватани мо расониданиянд, намояндагони худро дар Ватани мо ҷо карданиянд, мехоҳанд дар байни миллат низо барангезанд, аммо мо боварии комил дорем, ки миллати ваҳдатшиори мо ҳушёрию зиракиро аз даст надода, пеши роҳи ҳар гуна ҷангу низоро бо роҳи мусолиҳа мегиранд. Аммо доғи ҳодисаи 4-уми сентябр дар дилҳо монд, чанд тан аз муҳофизони Ватан қурбон шуданд, қурбони тири наҳзатиҳо, қурбони тири хониёни Ватан, қурбони тири шахсони беномусу ватанфурӯш. Ин фоҷиа бори дигар чашми миллати моро нисбати ҲНИТ ва сарваронаш боз кард. Халқ хулоса баровард, ки кӣ дӯст асту кӣ душман. Наҳзатиҳо бо ин кирдораш кӣ будани хешро нишон доданд. Рӯҳияи кулли мардуми Тоҷикистон аз ҲНИТ гашт. Дини Ислом муқобили ҳамагуна тундгароӣ буда, сӯйистифода аз онро ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат намедиҳад. Он касоне, ки Исломро василаи расидан ба ғаразҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ қарор медиҳанд, онҳо дур аз исломанд, зеро ин амал боиси пайдо шудани кинаву нифоқу адоват дар байни мусулмонон ва заъфу нотавонии онҳо мегардад. Мардуми Тоҷикистон исломпарастии ҲНИТ-ро ошкоро диданд, акнун динро аз мақсади ҲНИТ, ки динро ҳамчун аслиҳа истифода мекарданд, ҷудо карда тавонистанд. Аз ин рӯ, мо, собиқ аъзоёни бахши ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд, намехоҳем, ки ҲНИТ дигар фаъолият кунад ва ё аъзоёни гурезаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороте пешниҳод намояд ва ё гурӯҳе ё ҳизбе аз номи муқаддаси Ислом баромад кунад, дини Ислом ба ҳизбият ниёзе надорад. Зеро аксарияти мусулмонони Тоҷикистон, алҳамду лиллоҳ, пайрави ин дини мубин мебошанд ва ҳеҷ ниёзу зарурате ба ҳизби динӣ надоранд. Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем Бо эҳтиром собиқ аъзоёни бахши ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.