Маҷлиси васеи кормандони КИ ҲҲДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он29-09-2015, 18:40
Хабарро хонданд: 555 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 29 сентябри соли равон маҷлиси васеи кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он доир гардид, ки дар он масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, кормандони нашрияи «Мароми пойтахт», роҳбарони намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Дар маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Саидов Ҷ.Ҳ. баромад намуда, оид ба интизоми ҳизбӣ дар байни кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он оид ба натиҷаи интихобот-2015, ҷобаҷогузорӣ ва интихоби кадрҳои ҳизбӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, ғамхорӣ нисбати кормандон, дастгирии моддӣ ва маънавӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо, қабули аъзои нави ҲҲДТ, оид ба фаъолияти молиявӣ, натиҷагирӣ аз вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии №1,2,3 ва 4-и шаҳри Душанбе, фаъолияти нашрияи «Мароми пойтахт», сомонаи расмии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва рафти «Обуна-2016» масъалаҳои ҷорӣ фикру андешаҳои худро баён дошта, кормандони ҳизбиро ба масъулиятшиносӣ даъват кард. ©КИ ҲҲДТ дар шаҳри Душанбе |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.