Ба Тоҷикистон аз Русия 30 нафар омӯзгорон меоянд23-08-2017, 11:45
Хабарро хонданд: 186 нафар
Назарҳо: 0
Дар остонаи оғози соли нави хониш Русия ба мактабҳои Тоҷикистон тақрибан 70 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ тақдим мекунад. Охири моҳи август 30 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ, химия, физика, математика, биология ва информатика аз Русия ба Тоҷикистон меоянд. Дар бораи сафарбарии омӯзгорон дастури раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба имзо расидааст. Нашрияи «Российская газета» дар ин робита менависад, омӯзгорон аз минтақаҳои гуногун - вилоятҳои Кострома, Кемерово, Бошқирдистон, Доғистон ва Тотористон буда, музди меҳнати моҳонаи онҳо 74 ҳазор рублро ташкил хоҳад дод. Гуфта мешавад, 14 ҳазор рубли маош ва макони зисти омӯзгорони русиягиро Тоҷикистон таъмин намуда, 60 ҳазор боқимондаи музди меҳнат ва суғуртаи тиббиашон аз ҷониби Вазорати маорифи Русия пардохт карда мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар остонаи оғози соли нави хониш Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 20 тонна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ медиҳад, ки тақрибан 70 ҳазор нусха китоб мебошад. Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия изҳор дошта буд, ки Русия дар Тоҷикистон 20 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтанист, ки таълим дар онҳо бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад. «Ин сармоягузории Русия буда, фаъолияти мактабҳоро Тоҷикистон таъмин мекунад, - шарҳ дода буд ӯ. - Бунёди зербинои моддии мактабҳо аз ҳисоби маблағгузорӣ аз буҷети Русия сурат мегирад». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.