Надежда Савченко ба Русия ҷарима пардохт10-05-2016, 08:20
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
Надежда Савченко, шаҳрванди Украина, ки дар Русия зиндонӣ аст, дар ҳаҷми 30 ҳазор рубли русӣ ҷарима пардохтааст, хабар медиҳад модари вай Мария Савчекно. Додгоҳи Русия Надеждаро барои гӯё убури ғайриқонунии марз ин миқдор маблағ ҷарима карда буд.
"Вакили дифои Савченко Николай Полозов гуфт, ба вай барои баргаштан ба Украина ҳуҷҷат додаанд. Он ҷо навишта шудааст, ки Надежда бояд эътироф кунад, ки марзро убур карда ва паноҳандагӣ хостааст. Вакил мегӯяд, вай хандидааст. Он ҷо ҳамчунин ҷарима ҳам ҳаст. Полозов гуфт, агар вай ин ҷаримаро напардозад, ҳуҷҷатҳо қонунӣ ҳисобида намешаванд. Барои ҳамин вай розӣ шуд. Надежда пул надорад, консулҳои Украина ин маблағро пардохтанд", - мегӯяд Мария Савченко. 4 май Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия ба ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои лозим барои баргардонидани Савченко ба Украина пардохт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.