Украина: Русия шумори низомиҳояшро дар Қрим меафзояд17-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
Дар Қрим дар ҳоли ҳозир 24 ҳазор низомии Русия ҳузур дорад, хабар медиҳад сарраёсати иктишофии вазорати мудофиаи Украина. Ин идора мегӯяд, Русия шумори низомиҳояшро дар Қрим бештар мекунад.
"Русия ҳузури гуруҳи қудратманди низомиҳояшро дар нимҷазираи Қрим афзоиш медиҳад. Дар ҳоли ҳозир 24 ҳазор низомӣ, 613 тонк ва мошинҳои интиқолдиҳандаи тонкҳо, 162 тӯпхона, наздики 100 ҳавопаймои низомӣ, 56 чархбол, 16 маҷмааи мушакӣ, 30 киштии рӯиобӣ ва 4 киштии зериобии Русия дар ин нимҷазира ҷойгир аст", - хабар медиҳад Вадим Скибитский, намояндаи вазорати мудофиаи Украина. Вай афзудааст, тибқи иттилои иктишофии Украина, то солҳои 2020-2025 Русия ният дорад шумори низомиҳояшро дар Қрим "аз рӯи нишондодҳои асосӣ 1,5-2 баробар бештар кунад". Ҷониби Русия ҳоло ба ин хабарҳо вокуниш нишон надодааст. Аммо вазорати мудофиаи Русия баргузории машқҳои низомии артиши русро дар ҳудуди нимҷазираи Қрим пинҳон намедорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.