Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барномаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд

Барномаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд

22-08-2017, 10:37
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
Барномаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд
СУҒД. Нимаи дуюми рӯзи душанбе, 21 август иштирикочиёни ҳафтаи фарҳанги ВМБаКБ дар вилояти Суғд тибқи нақшаи тасдиқгардида ба шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов омаданд. Тибқи барномаи ҳафтаи фарҳангӣ имрӯз, 22 август меҳмонони ВМКБ дар шаҳри Хуҷанд аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, маркази таълимӣ-истеҳсолии “Дугонаҳо” боздид менамоянд.
Гурӯҳи дуюми меҳмонон, ки дар шаҳри Панҷакент қарор доранд, дар маҳфили ҷавонон иштирок намуда, дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент намоишномаи театриро пешниҳоди сокинони Панҷакент менамоянд. Ҳамзамон, дар назар аст, ки меҳмонон аз Осорхонаи ҷумҳурияӣ-таърихӣ ва кишваршиносии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва мавзеи таърихии Саразм боздид намуда, дар маҳфили адибон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 шаҳр ва барномаи фарҳангӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ иштирок намоянд.
Гурӯҳи сеюми меҳмонон, ки дар шаҳри Истаравшан қарор доранд, дар маҳфили ҷавонон, инчунин маҳфили адибон иштирок намуда, намоишномаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ноҳияи Ишкошимро пешниҳоди сокинони шаҳри Истаравшан мегардонанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки меҳмонон аз корхонаи қолинбофии ҳунарманд Абдуҷаббор Ҳамдамов, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Литсейи касбии рақами 14, растаи оҳангарон, Маркази фарҳанги “Ҳушанг”, Маҷмааи Ҳазрати Шоҳ, Осорхонаи таърихӣ-кишаршиносӣ, ёдгории таърихии Сабристон, корхонаи “Оби зулол”боздид намоянд. Бегоҳии ҳамин рӯз бо иштироки санъаткорони ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошим дар назди Маҷмааи Садбарги шаҳр барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад.
Гурӯҳи чоруми меҳмонон, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор доранд, дар маҳфили ҷавонон, инчунин маҳфили адибон иштирок намуда, дар кохи фарҳанги Гулистони ноҳия намоиномаи театриро пешкаши сокинон менамоянд. Бегоҳии ҳамин рӯз аз ҷониби санъаткорони ноҳияҳои Рушон, Ванҷ ва Мурғоб дар кохи фарҳанги Гулистон барномаи фарҳангӣ пешниҳод мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: