Рӯзи ҳомиёни солимии ҷомеа18-08-2017, 08:00
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Деваштич соли ҷорӣ таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб чун ҳарсола, вале дар руҳияи идонаи арафаи ҷашнгирии солгарди 25 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави таассуротҳои неки ҷашни 20 солагии Ваҳдати миллӣ ботантана баргузор гардид. Бояд зикр намуд, ки соҳаи тиб дар ноҳия солҳои охир таҳти сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело рушд намуда, соли ҷорӣ сохтмони бунгоҳҳои тиббиву марказҳои саломатӣ ва таъмиру тармими онҳо ба таври назаррасу хуб ба роҳ монда шуда, таъминот бо таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ ҷавобгӯи талаботҳои ҷорӣ мебошанд. Барои мисол, барқарор гаштани сохтмони таваллудхонаи марказӣ, сохтмони бунгоҳҳои нави тиббӣ дар деҳоти Хӯштоири Мухлон, Метк, Хишекат, Хӯҷа Тоҳир ва Анбарин бозгӯи гуфтаҳои болоӣ ва муҳайё намудани шароити мусоиди иҷтимоӣ мебошад. Ҳамзамон табибони соҳибихтисос бо роҳбарии менеҷери госпиталӣ Насимҷон Маҳмадалиев ва менеҷери Кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарӣ Гулрӯ Баротова барои сокинони ноҳия хизмати шоиста намуда, барои амалӣ гаштани сиёсати давлату ҳукумат дар самти тиббиёт саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар маҷлисгоҳи Маркази саломатии ноҳияи Деваштич бо табибону кормандон, собиқадорони соҳаи тиб ҷашни мазкур бо шукуҳу шаҳомати идона ҷашн гирифта шуд. Сараввал муовини Раиси ноҳия, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, муҳтарама Ғиёсиддинзода Бунафша суханронӣ намуда, табрикоти Раиси ноҳияро баҳри ҳозирин расонида, сипосномаҳои раиси ноҳия ва сипосномаҳои соҳавӣ ба соҳибонашон супорида шуданд. Инчунин, барои табибони фаъол аз ҷониби иттифоқи ҷанговар-байналмилалчиён ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрикоти ҳизбӣ ва сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар хотимаи чорабинии расмӣ барои табибон кормандони соҳаи тиб барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуд. Рухшона Ҷӯраева – корманди масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.