Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷашни пирўзи байналмилалчиён

Ҷашни пирўзи байналмилалчиён

15-02-2017, 09:48
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Ҷашни пирўзи байналмилалчиёнТибқи нақшаи Ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Ҷанговар-байналмилалчиён» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар арафаи ҷашни 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия бахшида ба Рӯзи баровардани Қӯшунҳои ИҶШС аз хоки Афғонистон чорабинии тарғиботию фарҳангӣ баргузор гардид. Пас аз 10 соли ёрмандӣ барои нигоҳ доштани сохти конститутсионии ҳамсоядавлат, фарзандони содиқи Ватан қарзи фарзандию байналмиллалии худ ва вазифаи давлатии ба онҳо супоридашударо сарбаландона иҷро намуда, 15-уми феврали соли 1989 ба Ватани хеш баргаштанд.
Аз ноҳияи Деваштич низ 136 нафар адои хизмат намуда, 6 нафари онҳо ҳалок гардиданд ва дар чунин рӯзи ёдбуд номи ин ҷавонмардони ноҳия як ба як ба забон оварда шуда, хотири некашон пос дошта шуд:
*Абдуазизов Акрам – сокини шаҳраки Ғончӣ, ки бо мукофоти «Ордени Сурх» сарфарозонида шудааст;
*Ҳакмиов Ҳотамбой – сокини деҳаи Угук, бо «Ордени Сурх» мукофотонида шудааст;
*Суюнов Илҳомҷон, сокини деҳаи Нуробод, «Ордени Сурх» сарфарозонида шудааст;
*Отахонов Умаралӣ, сокини деҳаи Яхтан, ки пас аз вафот бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ қадршиносӣ гардидааст;
*Насриддинов Саттор, сокини деҳаи Далён, ки пас аз вафот бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ қадршиносӣ гардидааст ва
*Тоштемиров Комил – сокини деҳаи Меҳробод, пас аз вафот бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ қадршиносӣ гардидааст.
Чунин хизматҳои шоистаю қаҳрамононаи фарзандони Ватанро ҳамасола қадр намуда, ба хотири дар руҳияи ватанпарвариву инсондўстӣ тарбия намудани насли наврас, дар ботини онҳо парварши намудани эҳсоси масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои гузаштаву ояндаи хеш дар ноҳияи Деваштич солгарди баровардани қўшунҳои байналмиллалчиён аз хоки Афғонистон ҷашн гирифта шуд. Чорабинии мазкур бо гузоштани гулчанбари хотира ба муҷассамаи шаҳидон – байналмилалчиён оғоз гардида, дар назди муҷассама маҷлиси танатанавӣ бо иштироки аъзои Иттифоқи собиқадорони ҷанги Афғонистон дар ҳузури намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва наврасону ҷавонон баргузор гардид.
Иштирокчиён дар чорабинии расмӣ аз эътибору дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, хусусан Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри қаҳрамон ибрози сипос ва миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки ҳамчун шахсиятҳои обутобёфта, баҳри тарғибу амалишавии ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар сафи пеш истода, намунаи ибрати дигарон хоҳанд шуд. Дар хотимаи чорабинии мазкур барномаи фарҳангӣ ва дастархони идона ороста шуда, ба аҳли аъзои иттифоқ туҳфаҳои хотирафӣ супорида шуд.
Сарвар Саидов – роҳбари НТҶҶ «Созандагорни Ватан» дар н.Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: