Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози фаъолияти Маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо дар маркази ноҳияи Вахш

Оғози фаъолияти Маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо дар маркази ноҳияи Вахш

16-08-2017, 17:00
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
Оғози фаъолияти Маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо дар маркази ноҳияи Вахш

16.08.2017 11:35, ноҳияи Вахш


Имрӯз дар кӯчаи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо расман оғоз бахшиданд. Пешвои миллат бо шароити фароҳамовардашуда дар марказ ошно шуда, бо масъулину ҳунаромӯзон суҳбат карданд.

Маркази мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зоҳир Давлатов дар зарфи як соли охир бунёд ёфта, дорои шароити арзанда барои ҳунаромӯзиву истеҳсоли атласу адрас аст. Тибқи иттилои масъулин, феълан 25 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ дар ин коргоҳ соҳиби ҷои кор гардида, ҳамзамон гурӯҳи дигари ҷавонон ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ ҷалб гардидаанд. Тибқи нақша, дар баробари истеҳсолот ҳамчунин ҳар се моҳ гурўҳи хоҳишмандон аз ҳисоби занону духтарони бекор дар ин марказ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, дар ошёнаи дуюми коргоҳ фурўши маҳсулоти ин марказ ва қолинҳои гуногунҳаҷм ба роҳ монда шудааст, ки бо истифода аз ин имконот шаҳрвандони ноҳия метавонанд маҳсулоти хушсифати истеҳсолгарони ватаниро харидорӣ намоянд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати сохтмон ва муҷаҳҳазсозии Маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, он бо шароити муосири кориву касбомӯзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкори мазкур дар шафати Маркази таълимӣ - истеҳсолӣ бо харҷи 1 миллиону 890 ҳазор сомонӣ Маркази савдо мавриди истифода қарор дода шуд. Ин марказ бо таҷҳизот ва рафҳои муосири савдо муҷаҳҳаз буда, анвои гуногуни маводи озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро ба шаҳрвандону меҳмонони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо нархҳои дастрас пешниҳод менамояд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат чунин иқдомҳои ободкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату қобили дастгирӣ хонданд. Ҳамзамон ҳайати омӯзгорони марказро вазифадор карданд, ки тамоми маҳорати худро ба харҷ диҳанд, то занону духтарони бешуғли ноҳия тавонанд ба пуррагӣ аз нозукиҳои касби атласу адрасбофӣ бохабар гарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: