Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Оғози фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

13-09-2016, 15:53
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
Оғози фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” расман оғоз бахшиданд.

Сохтмони бинои коргоҳи мазкур дар маркази ноҳия 1 солу 6 моҳ идома ёфта, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар коргарони маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин буданд. Бинои ин коргоҳ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо харҷи 724 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Манучеҳр Сангинов ва Умед Шарифов сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод шуд.

Президенти мамлакат бо шароити меҳнатии фароҳамовардашуда дар ин коргоҳ ошно гардида, барои боз ҳам беҳтар намудани шароит ва дастгирии коргарон ба соҳибкорон дастуру супоришҳо доданд.

Дар коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” 40 нафар занони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, имконияти гирифтани беш аз 1000 сомонӣ маошро доранд. Иттилоъ дод шуд, ки дар коргоҳи мазкур дӯхти сару либоси мактабӣ ва рахти хоб роҳандозӣ гардидааст. Ҳамзамон дар ошёнаи дуюми бино атласу адрасбофӣ ба роҳ монда шудааст, ки феълан на танҳо дар ҳудуди ноҳия, балки дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд аст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки соҳибкорони маҳаллӣ ҳадаф доранд, ки дар оянда дар таҳхонаи ин бино сехи қаннодӣ бунёд намуда, ба ин васила ҳам талаботи сокинони ноҳияро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин кунанд ва ҳам барои шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом ва ташаббусҳои соҳибкоронро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ хонданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: